Тақвияти дипломатияи рушд дар соҳаи тандурустӣ: боздиди доктор Оратай Пхубунлап Гунасилан, мушовири Сафорати Шоҳигарии Тайланд аз Донишгоҳ


Тақвияти дипломатияи рушд дар соҳаи тандурустӣ: боздиди доктор Оратай Пхубунлап Гунасилан, мушовири Сафорати Шоҳигарии Тайланд аз Донишгоҳ

Санаи 29 майи соли 2025 ректори Донишгоҳ,. профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ  мушовири Сафорати Шоҳигарии Тайланд доктор Оратай Пхубунлап Гунасиланро ба ҳузур пазируфт. Дар доираи боздид мулоқоти судманд бо роҳбарияти донишгоҳ, аз ҷумла бо ректори донишгоҳ, ва инчунин вохӯрӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорони баргузор гардид. Зимни мулоқот самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи Сафорати Шоҳигарии Тайланд таҳти унвони «Тақвияти дипломатияи рушд тавассути баланд бардоштани иқтидори соҳаи ҳифзи саломатӣ барои кормандони тиббӣ ва беҳдошти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина, масъалаҳои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб, бозомӯзии мутахассисон, татбиқи барномаҳои муштарак, табодули таҷриба ва анҷом додани тадқиқоти илмӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки густариши равобити илмиву таълимӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, бахусус дар заминаи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, метавонад ба сатҳу сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир дар соҳаи тиб таъсири мусбат расонад.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи зикршуда аз ҷониби МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тиббии Қирғизистон таҳия ва пешниҳод гардида, ҳадафи он ба самти нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва педиатрия равона шудааст.


30.05.2025 82

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php