ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ЗАНОНИ ДОНИШГОҲ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИХТИРОООТҲОИ ЗАНОНИ ИХТИРОЪКОР
Мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва захршиносӣ
Наврӯззода Г. Ф. аз санаи 22 то 25 майи соли 2025 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар 18-умин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии ихтироотҳои занҳои ихтироъкор иштирок намуд. Дар ин чорабинӣ 445 ихтироъ аз 15 давлати ҷаҳон пешниҳод гардид, ки 133 ихтироъ аз Кореяи Ҷанубӣ ва 312 ихтироъ аз 15 кишвари хориҷӣ буданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин форум 10 ихтирои занони ихтироъкор пешниҳод гардид, ки 3 нафар ба таври ҳузурӣ (офлайн) ва 7 нафар ба таври маҷозӣ (онлайн) ихтирооти худро муаррифӣ намуданд. Наврӯззода Г.Ф. ҳамчун намояндаи кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва захршиносии Донишгоҳ дар давоми се рӯз дар чорабинӣ, ҷаласаҳо ва намоишгоҳҳо фаъолона ширкат варзида, бо ихтироъкорони гуногун аз кишварҳои мухталиф вохӯриҳо анҷом доданд. Наврӯззода Г.Ф. барои ихтирои «Усули табобати бемориҳои музмини роҳи нафас» бо медали тилло ва Ӌоизаи махсуси Федератсияи Байналмилалии Ассотсиатсияҳои Ихтироъкорон (IFIA) сазовор дониста шуд.