ҶАВОНОН, ҶАВОНӢ КУНЕД
Санаи 26-уми майи соли равон дар асоси мактуби Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинати тарбияи Донишгоҳ дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои зерсохтори худ, декани донишӯёни хориҷӣ, муовинони деканҳо оид бар тарбияи факултетҳо ва аъзои дастаи “Шифо” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Рӯдакӣ» барномаи хуби фарҳангию маърифатӣ иборат аз шеъру сурудҳои марғуб дар мавзуоти ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҷавонию муҳаббат бо забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ, ҳиндӣ роҳандозӣ шуд, ки ба меҳмонону сокинони пойтахт хуш омад. Чорабинӣ давоми 2 соат баргузор гардида, аъзои дастаи «Шифо» бо суруду таронаҳои марғуби худ табъи истироҳаткунандагони боғро дучанд хуш намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии мазкур Ректори Донишгоҳ, муҳтарам Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, муовини ректор оид ба тарбия Аҳрориён Зарина Асрор, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак ва дигар намояндагони кумитаи болозикр иштирок доштанд. Дар рафти баргузории чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Сайнак ба Ректори Донишгоҳ, муҳтарам Нуриддин Давлаталӣ, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстию хештаншиносӣ “Сипоснома”-и Кумита супорида шуд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ ва фарҳангиву ободонии кишвар бештар намуд. Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Ва ҳамин аст, ки ҳамасола дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсилаи чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд. Имсол низ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин гуна чорабиниҳо дар саросари кишвар роҳандозӣ гардидааст.
Шуъбаи идеологӣ ва фарҳанги Донишгоҳ