ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона аз ҷониби дотсенти кафедра н.и.т. Рахманова Г.А. дарси кушод дар мавзӯи: “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим-кафили зинндагии шоистаи мардум” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббии гурӯҳи 44-ум гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи номбурда пурмазмун пешкаши ҳамагон намуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
Маросим - маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурўҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд.
Ҷашн - таҷлили рўйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ.
Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, татбиқ мегардад. Намояндагони миллату халқиятҳо ва дину мазҳабҳои дигар ҷашну маросими худро дар асоси расму оинҳои худ метавонанд гузаронанд. Онҳо ҷашну маросими дар Қонуни мазкур пешбинишударо бо риояи муқаррароти ҳамин Қонун мегузаронанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» самараи истиқлоият буда, мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи зиёдаравиҳо, хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, қабул гардидааст. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳимми аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард. Аъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбанд. Тавре шоҳидем, солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амалӣ гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбағалӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди моливу пулиро ба миён оварда буд.Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намудаанд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона