ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БАҚОИ МИЛЛАТ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БАҚОИ МИЛЛАТ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Санаи 23 майи соли равон дар донишҷӯни курси 1-уми гурӯҳи 16-и факултети  стоматологӣ, ки  таҳти роҳбарии  Сайфуллоев З.У. қарор дорад, чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – бақои миллат ва ҳуввияти миллии тоҷикон” семинари тарбиявӣ шуда гузашт. Дар чорабинии мазкур мудири кафедра  н.и.п. Сафаров Б.Б. ва омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.

Куратори гурӯҳ Сайфуллоев З.У.чорабиниро кушода,  донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраро ба фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуданд.

 Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордошта ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузург дорад. Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо воқеан оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии осоиштаи халқамон мебошад.

Дар давоми сухан донишҷӯён дар бораи ба туфайли Ваҳдати миллӣ барқарор шудани сохти конститутсионӣ ва ба марҳилаи рушд гузаштани кишварамон сухан ронданд.

Дар ин давра барои расидан ба се ҳадафи стратегӣ, ки ҳанӯз аз оғози истиқлолият мо онҳоро сармашқи иқдомоти худ қарор дода будем , ҳамаи имкониятҳои мавҷуда сафарбарн карда шгуд.

Чӣ хеле, ки сарвари давлатамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд карда буданд: “Бигзор сулҳу оромӣ ва суботи миллӣ дар кишҷвари азизи мо пойдор ва истиқлоли миллати озоду сарбаоланди тоҷик ҷовидон бод”.

Дар охир профессори кафедра Шерматов Д.С ҳамаи ҳозиринро табрик гуфта, даъват ба амал оварданд, ки дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ ҷавонон бояд дар сафи пеш қарор гиранд ва онро ҳифз намоянд.

Кафедраи физикаи тиббӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ 


28.05.2025 49

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php