ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ШОҲНОМАХОНӢ


ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ШОҲНОМАХОНӢ

Санаи 22.05.2025 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни “Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад...” зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва баргузор карда шуд. МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино”-ро дар озмуни мазкур 4 нафар донишҷӯ аз ҳисоби духтарон намояндагӣ намуда, бо қироату шарҳ ва луғатдонӣ аз порчаҳои достонҳои шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ – “Шоҳнома” иштирок ва баромад намуданд.

Донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ Сайвализода Малика бо қироату луғатдонӣ дар миёни дигар иштирокдорон сазовори мақоми 3-юм гардид.

Донишҷӯён Қодир Само-донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ ва Гулзода Бибифотима-донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ бо сипосномаи Кумита қадрдонӣ карда шуданд.

Раёсат ва Иттифоқи касабаи донишҷӯён донишҷӯи ғолибро зери роҳбарии раиси Шурои занон ва духтарони Донишгоҳ н.и.с., дотсент Амонзода С.Б. ба ин дастоварди назаррас табрику муборакбод менамоянд!

Муовинати тарбия


26.05.2025 68

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php