ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ - ГУЗАШТАИ ДУРАХШОН, ИМРЎЗАИ ФАРАҲБАХШ


ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ - ГУЗАШТАИ ДУРАХШОН, ИМРЎЗАИ ФАРАҲБАХШ

Бо мақсади баланд бардоштани  ҳисси худшиносӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён, инчунин ошно сохтани онҳо бо фарҳанг ва мероси миллӣ санаи 19 майи соли равон ҳамроҳи донишҷӯёни гуруҳҳои кураторӣ сайёҳат ба Осорхонаи Миллӣ ташкил карда шуд. Чунин тамошои омӯзишӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки таърихи кишварро дар шароити зинда эҳсос кунанд ва дарк намоянд.

Дар бахши толори таърих донишҷӯён бо осори таърихӣ - аз давраи бостон то асрҳои миёна  шинос шуданд. Ҳайкалҳои қадима, зарфҳои сафолӣ, лавозимоти рӯзгор ва аслиҳаҳо диққати ҳама иштирокчиёнро ҷалб карданд.

       Бахши  толори фарҳанг бошад ба ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд. Либосҳои миллии занона ва мардона, намунаҳои гулдӯзӣ, заргарӣ ва кулолгарӣ дар намоишгоҳ ба таври зебо гузошта шуда буданд.

    Дар бахши  табиат ва экология донишҷӯён бо гуногунии набототу ҳайвоноти Тоҷикистон, аз ҷумла намунаҳои мумиёшуда ва макетҳои табиӣ  шинос шуданд.

       Дар охир, донишҷӯён аз бахши осор ва асарҳои рассомону ҳайкалтарошони муосир дидан карданд, ки қобилияти эҷодии насли имрӯзаро инъикос мекарданд.

Ҳамин тавр, ин экскурсия барои донишҷӯён як дарси зиндаи таърих ва фарҳанг буд. Онҳо дарк намуданд, ки мероси фарҳангии мо чӣ қадар ғанӣ ва пурифтихор аст.

 


26.05.2025 73

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php