СИЛСИЛАЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА МОҲВОРАИ ҶАВОНОН


СИЛСИЛАЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА МОҲВОРАИ ҶАВОНОН

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 майи соли соли 1997 фармонеро «Оид ба баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» қабул намуданд, ки шуруъ аз ҳамон замон ин санаи фархунда дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Бояд иброз дошт, ки ҷавонони мамлакат ворисони арзандаи халқу миллат ва созандагони имрӯзу фардои ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб мегарданд. Мусаллам аст, ки тақдир ва рушди ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистони азиз аз мавқеи фаъоли ҷавонон алоқаи зич дорад. Маҳз, аз ҳамин ҷиҳат Пешвои миллат ташаббусҳои созандаи ин қишри ҷомеаро ба таври доимӣ дастгирӣ намуда, ҷиҳати амалигардонидани онҳо имкониятҳои заруриро фароҳам намудаанд. Ҳамчунин ки иброз медоранд: Мо бояд ташаббус ва неруи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки неруи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад…».

Бояд иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонон рӯз ба рӯз бештар гардидааст. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Ҳамчунин, иброз доштанд, ки: «Мо ба љавонони бонангу номуси худ ва ба эњсоси гарми ватандўстии онњо бовари бузург дорем, бо онњо ифтихор мекунем, зеро онњо, воќеан, соњибону бунёдгарони ояндаи Ватан ва идомадињандагони кору фаъолияти созандаи мо њастанд».

Пешвои миллат дар Паёми имсола низ иброз доштанд, ки мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Оморҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар, маҳз, ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои беназири Пешвои миллат ҷавононро мебояд, ки дар ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Раёсати Донишгоҳ низ бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар таҷлили бошукуҳи ин ҷашни ҷавонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, то кунун силсилачорабиниҳоро доир намудааст. Раёсати Донишгоҳ ҷиҳати арҷгузорӣ ба фаъолияти густурдаи омӯзгорону кормандони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва мукофотпулиҳо қадршиносӣ намуда, дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии идона диққати махсус равнона намуд. Мавриди зикр аст, ки дар сатҳи кафедраҳои Донишгоҳ низ беш 30 чорабинии фарҳангиву фароғатӣ аз тарафи ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳ ташкил ва баргузор карда шуд. Илова бар ин, дар доираи моҳвораи ҷавонон ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ фаъолона ширкат варзида, бо сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба моҳвораи ҷавонон дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон басо муҳим арзёбӣ гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат қадами шоиста унвон мешавад.

Муовинати тарбия


26.05.2025 73

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php