ТАШРИФИ ХОДИМИ КАЛОНИ ИЛМИИ МФДБ “МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТАҲҚИҚОТИ ТИББИИ ТАБОБАТӢ ВА ТИББИ ПЕШГИРИКУНАНДА”-и ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТИБ ФЕДОРОВИЧ АНДРЕЙ АЛЕКСАНДРОВИЧ БА КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ


ТАШРИФИ ХОДИМИ КАЛОНИ ИЛМИИ МФДБ “МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТАҲҚИҚОТИ ТИББИИ ТАБОБАТӢ ВА ТИББИ ПЕШГИРИКУНАНДА”-и ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТИБ ФЕДОРОВИЧ АНДРЕЙ АЛЕКСАНДРОВИЧ БА КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ

Аз 19 то 24 майи соли 2025, Федорович Андрей Александрович – номзади илмҳои тиб, ходими калони илмии Муассисаи федералии давлатии буҷетии “Маркази миллии таҳқиқоти тиббии табобатӣ ва тибби пешгирикунанда”-и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ба кафедраи физиологияи патологии Донишгоҳ ташриф оварданд. Доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи физиологияи патологӣ Табариён Б.С. меҳмонро хайрамақдам гуфта,  барои ташрифашон ҷиҳати омӯзиши хунгардиши атрофӣ ва микросиркулятсия изҳорӣ миннатдорӣ намуданд.

Дар ҷараёни сафар, Федорович Андрей Александрович ҳамчун ходими калони илмии лабораторияи Микросиркулятсия ва хунгардиши атрофӣ барои кормандони донишгоҳ ва омӯзгорони кафедра лексияҳои назариявӣ дар мавзуъҳои “Объект   исследования микрососудистое   русло   кожи”, “Дисфункция эндотелия при артериальной гипертензии” ва “Структурно-функционального состояния микроциркуляторного русла при артериальной гипертензии 1 и 2 стадии: гендерные различия” бо маърӯза баромад намуда, мубрамӣ, сабабҳо, тарзи инкишоф ва роҳҳои нави таҳқиқоти ғайриинвазивии хунгардиши атрофӣ ва микросиркулятсияро ҳангоми бемориҳои гуногун ба таври муфассал баён намуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи муҳтарам ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Н.Д. кафедраи физиологияи патологӣ соҳиби анализатори ғайриинвазивии замонавӣ бо номи “ЛАЗМА ПФ” барои таҳқиқоти хунгардиши атрофӣ ва микросиркулятсия гашт. Ҳайати профессорону омӯзгоронӣ кафедра аз ин дастовард бисёр хурсанд гашта, миннатдории худро ба муҳтарам ректор Муҳиддин Н.Д. мерасонанд.

Федорович Андрей Александрович бо истифода аз дастгоҳи нави анализатории ғайриинвазивии “Лазма ПФ” ба таври амалия ба пуррагӣ усули муосири таҳқиқу таҳлили ҳолати хунгардиши микросиркуляториро дар сар, дастон, китфу бозувон, панҷаҳо ва пойҳо анҷом доданд. Дар оянда дар назар аст, ки дар кафедраи физиологияи патологӣ бо роҳбарии Табариён Б.С. ва Тоштемирова З.М. якчанд таҳқиқотҳои илмии диссертатсионӣ бо истифода аз ҳамин усули муосир анҷом хоҳанд шуд.


23.05.2025 172

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php