ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН
Донишҷӯёни азиз!
Ҷавонони саодатёри кишвар!
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23-юми май яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ – Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо, донишҷӯёни азиз ва дар симои шумо кулли ҷавонони кишварро аз номи Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо назардошти нақши ҷавонон дар раванди бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста иқдом мекунад. Дар ин замина, бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998, таҳти рақами 628 санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид ва масъалаҳои марбут ба дастгирии наврасону ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукмати мамлакат қарор дорад ва ин бесабаб нест. Зеро чӣ тавре, ки Сарвари давлат худ борҳо таъкид намудаанд:
“Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад”.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонон далели равшани таваҷҷуҳ ва ғамхории давлат ба ҳаёти ҷавонон ҳамчун неруи созандаи кишвар мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон давоми 34-соли соҳибистиқлолӣ барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳо вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди насли наврас давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд. Натиҷаи чунин ташаббусҳои созанда аст, ки имрӯз дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардидааст. Имрӯз дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушду муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад.
Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис дода шудаанд.
Устодону донишҷӯёни азиз!
Омодасозии кадрҳои ҷавони баландихтисос дар соҳаи тиб яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва маорифи кишвар мебошад. Зеро солимии миллат асоси рушду пешрафти ҳар кишвар аст. Он гуна, ки Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: “Ба давлат миллати солим зарур аст ва ҳамаи мо бояд, пеш аз ҳама, ғамхори инсон, яъне мардуми кишварамон бошем”.
Боиси ифтихори мост, ки донишгоҳи мо ва донишҷӯёни мо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Пешвои миллат ҳастанд.
Имрӯз дар донишгоҳи мо тамоми шароити зарурӣ барои таҳсил ва камолоти насли нави табибон, ворисони арзандаи Абуалӣ ибни Сино фароҳам гардидааст ва ҳамаи моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо содиқонаву софдилона рисолати худро амалӣ намоем. Устодон бояд барои таълиму тарбияи сазовори насли ҷавон тамоми ғайрату кӯшиш ва донишу малакаи худро сарф намоянд ва донишҷӯён омӯзиши илмҳои бунёдӣ ва технологияҳои муосирро ҳадафи аслии худ қарор диҳанд.
Ҷавонони азиз!
Имрӯз барои рушди ҷавонони кишвар тамоми шароити лозима фароҳам оварда шудааст. Ҷавонони мо ҳам шароити арзандаи илмомӯзӣ ва ҳам шароити лозимӣ барои машғул гардидан ба варзиш ва тарзи ҳаёти солимро доранд ва ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд.
Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки:
“Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем”.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо бовар дорем, ки ҷавонони азизи кишвар, махсусан донишҷӯёни донишгоҳи мо – ворисони арзандаи Ибни Сино ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир гардида, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ мекунанд, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ мемонанд, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст медоранд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя мекунанд, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз менамоянд ва чун насли сазовори даврон ба воя мерасанд.
Рӯзи ҷавонон муборак!