ҚАЛЪАИ ҲИСОР: САФАРЕ БА ГУЗАШТАИ ХУД
Бо мақсади шиносиӣ бо таърих ва фарҳанги миллӣ, рӯзи 15 майи соли 2024 донишҷӯёни гуруҳи 9-и факултети педиатрӣ аз «Қальаи Ҳисор» дидан намуданд. Ин қалъа дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад ва зиёда аз 2500 сол қабл сохта шудааст. Қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст. Дарвозаҳои он дар асри 16 сохта шуда, имрӯз пурра таҷдид карда шудаанд.
Қалъаи Ҳисор ҳамчун шоҳиди бузурги корнамоии аҷдодон, ёдгоре аз шаҳрҳои бостон, нишонае аз аҳди Ҳахоманишиҳо намунаест аз даврони пуршаъну шон аз аҳди Сосониёну Сомониён.
Қалъаи Ҳисор ормони дили ҳазорҳо аҷдодони дар ҳасрати Истиқлолият, сулҳу осоиш ҷон ба ҷонофарин супорида ва мулки худододи аз ниёгон мерос монда барои ҳар тоҷику тоҷикистони азиз буду ҳаст.
Қалъаи Ҳисор боз аз он ҷиҳат барои ҳар тоҷики ватандӯст азиз аст, ки Эъломияи таъсиси давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 маҳз дар майдони Регистони ин ҷо хонда шудааст.
Агарчи дарвозаи Қалъаи Ҳисор умри 500-сола дошта бошад ҳам, пойдевори он таърихи зиёда аз 3 ҳазорсоларо дар худ ниҳон дорад. Аз ин макон аслиҳаи даврони санг пайдо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ ва иншооти соҳа, аз қабили мамнӯъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», мамнуъгоҳи таърихию мадании Ҳисор барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ доранд.
ШАҲНОЗА АЮБОВА - АССИСТЕНТИ КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ