ПОЯНДА БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН!


ПОЯНДА БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН!

Санаи 22.05.2025 бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи № 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар толори лексионии кафедраи биологияи Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ дар мавзуи «Поянда бод ҷавонӣ ва ҷавонони Тоҷикистон!» бо ҳузури намояндагони МИҲД, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва иштироки васеи донишҷӯён, инчунин, гурӯҳи ҷавонони “Авангард” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш сардори шуъбаи ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе подполконики милитсия – Саидзода Б.Н., муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ – 2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе подполконики милитсия – Ёдгорзода Р.Ё., сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ – 2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майори милитсия – Амирхонзода А.А. ва роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Аванагрд” дар ноҳияи Сино – Саидов М.Ш. баромад намуда, иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб боло бурда шуд. Тавре маълум аст, Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон эътимоду боварии амиқ дошта, дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи ҷавонон (22. 05. 2023) ин қишри ҷомеаро нерӯи “созанда” ва “бунёдкор” унвон кардаанд: “Мо дар сиёсати худ ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем.” Ҳамзамон, дар ин самт эътимоду боварии Президенти мамлакат ба ҷавонон зиёд аст, ки фаъолияти онҳо дар мақомоту корхонаҳои давлатӣшаҳодати ин гуфтаҳост. “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо, воқеан, соҳибону бунёдгарони ояндаи Ватан ва идомадиҳандагони кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.”

Илова бар ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз эълон намудани соли 2017-ро “Соли ҷавонон” далолат бар он мекунад, ки, дар воқеъ, таваҷҷуҳи давлат ба ин қишри ҷомеа басо бузург аст. Имрӯз ҷавони тоҷик аз он мефахрад, ки дастгириҳои пай дар пай ва ғамхоронаи бевоситаи Пешвои миллат дар ҳама самт барояшон равона гардидааст. Ҳамзамон, барои ҷавонони ихтироъкору навовар имконоти васеъро Ҳукумати мамлакат фароҳам овардааст. Сарвари давлат дар Паём иброз доша буданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола низ иброз доштанд, ки мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Оморҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар, маҳз, ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои беназири Пешвои миллат ҷавононро мебояд, ки дар ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Муовинати тарбия


4
3
2
1
23.05.2025 178

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php