КИТОБ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА ВОСИТАИ ТАРБИЯИ ИНСОН
Яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи инсон дар тӯли таърих китоб будааст. Китоб дар ҳаёти ҳар як инсон нақши беназир мебозад, зеро на танҳо дониш медиҳад, балки ақлро равшан месозад, ахлоқро тарбия мекунад ва рӯҳу шахсиятро месозад. Ҷомеае, ки китобро дӯст медорад, аз ҷиҳати маънавӣ ва фикрӣ ҳамеша пешрафта аст. Фард, агар аз овони кӯдакӣ ба китоб ва мутолиа одат кунад, бе шак, шахсияти муваффақ ва соҳиби ҷаҳонбинии васеъ мешавад. Китоб метавонад инсонро аз ҷаҳолат, гумроҳӣ ва бемасъулиятӣ наҷот диҳад. Дар ҳар китоб донише нуҳуфтааст, ки инсонро ба фикр кардан, хулоса баровардан ва дар роҳи дуруст қарор гирифтан раҳнамоӣ мекунад. Барои ҳамин аст, ки бузургон фармудаанд:
«Китоб дӯсти беҳтаринест, ки ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунад.»
Имрӯз дар шароити дастрасии осон ба интернет ва технологияи рақамӣ, бисёриҳо аз мутолиаи китоб дур шудаанд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки китоб чизест, ки наметавон онро бо маълумоти кӯтоҳу сарсарӣ иваз кард. Китоб мутолиаи амиқ ва фикрро тақозо мекунад, ки ин худ як машқи фикрӣ ва маънавист. Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки як мактаби тарбия аст. Агар ҳар шахс аз кӯдакӣ дӯстии самимӣ бо китобро оғоз намояд, ӯ дар зиндагӣ ҳамеша пеш меравад. Китоб рӯшноии ақл аст — ҳар қадар бештар бихонӣ, ҳамон қадар бештар медонӣ ва беҳтар зиндагӣ мекунӣ.
Арабзода С.Н.-омӯзгори калони кафедраи физиологияи нормалӣ