1 ИЮН — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ин рӯз барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, баланд бардоштани маърифати ҷомеа дар бораи аҳамияти ҳимояи кӯдак ва дарёфти роҳҳои беҳтар барои таъмин намудани рушди солим ва ояндаи равшан барои наслҳои оянда бахшида шудааст. Ҳар сол, ин сана дар кишварҳои гуногун ҳамчун рамзи муҳаббат, ғамхорӣ ва масъулият ба кӯдакон таҷлил мешавад.
Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад дар муҳити ором, солим ва пур аз муҳаббат афзояд. Таҳти ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон ҳастанд санадҳои муҳими байналмилалӣ ва миллӣ, ки Тоҷикистон низ ба онҳо пайвастааст. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак яке аз муҳимтарин санадҳо мебошад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдаконро муайян намуда, масъулияти давлатҳо ва ҷомеаро дар назди кӯдакон таъкид мекунад. Тоҷикистон ҳамчун узви ин созмон талош мекунад, ки ин ҳуқуқҳоро дар амал татбиқ намояд ва шароити беҳтарин барои рушди кӯдакон фароҳам оварад.
Дар Тоҷикистон низ масъалаи ҳифзи кӯдакон дар мадди аввал қарор дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ барномаҳо ва ташаббусҳои гуногунро дар самти таълим, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва эҳтироми кӯдакон амалӣ мекунад. Барномаҳои давлатӣ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии кӯдакон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Рӯзҳои махсусе мисли 1 июн барои бедор кардани масъулият ва ҳамкории ҷомеа, ниҳодҳои давлатӣ ва оила дар самти ҳифзи кӯдак аҳамияти вижа доранд.
Ҳифзи кӯдакон маънои онро дорад, ки ҳар кӯдак бояд имконияти баробар дошта бошад, то ба таҳсил фаро гирифта шавад, саломатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ дошта бошад ва аз ҳар гуна зӯроварӣ, таҳқир ва таъқиб муҳофизат ёбад. Ин вазифаи на танҳо давлат, балки ҳар як фарди ҷомеа аст, ки кӯдаконро бо муҳаббат ва эҳтиром ҳифз намояд. Бо ҳамкории муассисаҳои таҳсилотӣ, тандурустӣ ва тарбиявӣ метавон муҳити мусоид барои афзоиши кӯдакон фароҳам овард.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон моҳияти муҳим дорад, ки дар он мо ёдовар мешавем, ки насли оянда — кӯдакон — чун гулҳои нозук ба ғамхорӣ ва ҳимояи бефосила ниёз доранд. Танҳо дар муҳити солиму боэътимод ва бо таълимоти босифат метавонем насли комил, пурқувват ва босаводро ба воя расонем, ки Тоҷикистонро дар оянда рушд диҳанд ва барои миллат ва Ватан хизмат кунанд.
Дар даврони муосир, ки ҷаҳон бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ аст, аҳамияти ҳифзи кӯдакон боз ҳам бештар ба назар мерасад. Ҳар як кӯдак бояд аз бемориҳои сироятӣ, фақр ва бетаъминӣ эмин бошад ва имконияти баробар барои таҳсил ва рушди шахсӣ дошта бошад. Барои ин, зарур аст, ки ҷомеа, давлат ва ҳар як шаҳрванди бонангу номус вазифадор шавад, ки барои беҳбуди вазъи кӯдакон чораҳои муштарак андешад.
Бояд қайд намуд, ки ҳифзи кӯдакон ҳамчунин маънои пешгирии зӯроварӣ, таъқиб ва ягон шакли бадрафториро дорад. Ҳар кӯдак ҳаққи зиндагӣ дар муҳити бехатарро дорад, ки дар он ӯ метавонад ба пуррагӣ тавонмандӣ ва қобилиятҳои худро рушд диҳад. Ҳифзи кӯдак на танҳо масъалаи ҳуқуқӣ, балки масъалаи ахлоқӣ ва инсонӣ мебошад.
Қурбонова М.-ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ