ХУДШИНОСӢ - РАҲНАМОИ ҶАВОНОН
Таърих хотираи инсоният буда, ҳељ фард бе омӯзиши таърихи кишвари хеш аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад. Тоҷикон дар таърихи тамаддуни дунё мавқеи хоса доранд. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.Бо шиносоӣ ба таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷахолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дил реш мегардаду ба андеша водор месозад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тоҷикистон имрӯз дигар на давлати соли 1992 аст, на давлати соли 1997 ва ҳатто на давлати соли 2015. Бинобар ин, мухолифати чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таҳдиди амалие нест. Фақат аз назари иттилоотӣ ба ин фазо халал меораду аз назари шаҳрвандӣ хиҷолат боқӣ мегузорад. Номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Ҳакими Раҳнамо дар муқаддимаи китоби худ навиштааст: "Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба тадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт». Бинобар ин зарур дониста шуд, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд. Ҳамчнин, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Ҳамаи мо медонем, ки солҳои охир хушксолиҳо пай дар пай омаданд ва Тоҷикистони азизи мо низ аз ин безарар намонд. Мардуми мо хуб медонанд, ки ин масъалаи глобалӣ аст. Бо сабаби паст гаштани сатҳи оби обанборҳо сарфаи неруи барқ беш аз пеш зарур аст. Муроҷиатҳои пайдарпайи роҳбарияти мамлакат барои сарфа намудани неруи барқ ва бо об пур намудани обанборҳо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ ёфт, ки боиси мӯътадил гаштани вазъи энергетикии кишвар мегардад. Солҳои пешин аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллионро ташкил медод, ҳоло он ба 9 миллион расидааст, ки сабаби бамаротиб зиёд масраф шудани қувваи барқ мегардад. Вобаста ба тараққиёти саноатии Тоҷикистон ва истифодаи васеи асбобҳои барқӣ аз қабили кондитсионерҳо, радиаторҳо, дарзмолҳо, плитаҳо, яхдонҳо, таҷҳозотҳои кафшергарӣ, таҷҳизотҳои барқии дар сохтумонҳо истифодабаранда талабот ба неруи барқ зиёд гаштааст, ки ин дар навбати худ омили дигареро ба вуҷуд меорад. Бо ин назардошт, ҳамагӣ вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат будаву нангу номуси ватандорӣ дошта бошем ва Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мо зиёиёнро зарур аст,ки мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлатро гирем. Воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем. Имрӯз ҳар як ҷавон ва фарди худогоҳ дар ҳама соҳаҳо новобаста аз мавқеъи ишғолнамудааш вазифадор аст, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда, ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамояд!
Хушвахтов Т.А - ассистенти кафедраи стоматологияи ортопедӣ.
Эсанов М.А- ассистенти кафедраи стоматологияи ортопедӣ.