БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН
Ҳамасола санаи 23-юми май дар кишвари мо "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакатест,ки тақрибан 70%-и аҳолии онро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд.Ҷавонон қувваи асосӣ ё худ муҳаррики пешбарандаи миллату давлатанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд "Ҷавонон нерӯи созанда ва бунёдкори ҷомеъа мебошанд". Дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр аст. Ҷавонон ҳамеша боиси пешрафту субот ва рушди стратегияи давлату ҳукуматанд. Хушбахтона ҷавонони зодаи давраи истиқлолият ҳамеша ҳамқадами замона буда, дар донишгоҳҳои олии кишвар ва хориҷ аз он таҳсили илм намудаистодаанд ва кӯшиши онро доранд, то дар пешрафту тараққиёти ватани маҳбубамон ҳиссагузор бошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонону наврасонро дар ҳама соҳаҳо тарвиғу ташфиқ ва дастгирӣ менамояд. Маҳз ҳамин аст, ки барои ҷавонону наврасони кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендияҳои Президентии Тоҷикистон, стипендияи байналмилалии " Дурахшандагон", квотаҳои президентӣ барои ҷавонондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст ва инчунин ба вазифаҳои баланди роҳбарикунанда таъин гардидани ҷавонон, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, сохтмони ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва тадбирҳои дигар амалӣ гардидаанд.
Дар баробари ин ҳама ғамхориҳои ҳукумати кишвар ва Президенти Ҷумҳурии азизамон мо ҷавонону наврасонро мебоист ватанамонро ҳифз намуда, пайваста илм омӯзему баҳри пешрафту тараққиёти ин сарзамини аҷдодӣ, баҳри ин хоки муқаддас аз ҷону дил моя гузорем.
Мо ҷавонон бояд ватанамонро сидқан ва самимона дӯст дошта, бо он ифтихор кунем,барои ҳимояи он ҷони худро дареғ надорем, ба қадри сулҳу истиқлол ва озодии он расем ва шукргузори соҳибватанӣ ва соҳибдавлатӣ бошем. Чунки ватан ин модар аст,ватан тору пуди ҳар яки мост, мо дар фазову хоки он чашм ба олами ҳастӣ мекушоем,пас ин моро водор месозад, ки ин модари хешро ҳимоя ва ҳифз намоем.Таъриху фарҳанг ва тамаддуни онро омӯзем, қадр кунем ва онро ба ҷаҳониён муаррифи намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон насли ҷавону наврасро такягоҳи воқеӣ, умеди имрӯзу фардои миллат мегӯянд ва пайваста таъкид мекунанд,ки бояд ҷавононро дар ҳама соҳаҳо дастгирӣ намуда,барояшон шароити хубро муҳайё созанд.
Ҷавонони ғаюру донишманд ва бофарҳангӣ мо хушбахтона дар тамоми олимпиадаҳову мусобиқаҳои варзишӣ далерона иштирок намуда, парчами ватанамон Тоҷикистонро баланд мебардоранд, ки ин худ пеш аз ҳама ҳисси ватандӯстию худогоҳии миллии ононро нишон медиҳад.
Ҳоҷиева С.Б.-ассистенти кафедраи гистология