ВАҲДАТИ МИЛЛАТ - БАҚОӢ МИЛЛАТ АСТ!


ВАҲДАТИ МИЛЛАТ - БАҚОӢ МИЛЛАТ АСТ!

Ваҳдат яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад, ки бидуни он арзи ҳастӣ намудани ҳеҷ давлат ва миллате имкон надорад. Аз ин ҷост, ки Ваҳдатро рукни асосии ҳастӣ ва пойдории ҳар як давлат ва миллат арзёбӣ менамоянд. Маҳз Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардуми ҳар як давлату миллат таъмин карда мешавад. Дар маҷмуъ, рушду пешрафти давлатеро бидуни Ваҳдат тасаввур намудан имкон надорад. Инак, 28 сол мешавад, ки кабутари Ваҳдат дар фазои софу беғубори кишвари азизамон ба парвоз аст. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ҳамчун як кишвари мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи олам шинохта шуд. Соҳаи тандурустии мамлакат низ дар ин давра ба пешравиҳои бузург ноил гардида, баҳри таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Маҳз бо талошу кушишҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар соҳаи тандурустии Тоҷикистон бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардида, ҳамзамон, усулҳои муосири ҷарроҳӣ ва табобат дар соҳаи тибби мамлакат ҷорӣ карда шуданд. Он ҳама дастовард ва пешрафту муваффақиятҳое, ки соҳаи тандурустии мамлакат то имрӯз ба даст овардааст, маҳз самари Ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон ба шумор мераванд.27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамасола ин рӯз дар саросари мамлакат ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Ваҳдати миллӣ, тавре Пешвои миллат, Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд карданд, ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қиммати баланд дорад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ – ҳамчун рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, Дар сарзамине, ки ҷангзада буду бародар хуни бародарашро мерехт ва нобовариву ноумедӣ руҳияи инсониро фаро гирифта, ин сарзамини ҳамешабаҳор ба як боғоти харобаву хазонгашта табдилёфта буд, барқарор намудани пояи сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ ғайриимкон буд, аз ин рӯ ҳар як фарди Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ бояд аз ин дастоварди нодир ифтихор дошта бошанд. Саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба Ваҳдати миллӣ ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят бузург аст.Халқи тоҷик асолати фитрӣ ва рисолати таърихии худро ба ҳам оварда, аз имтиҳони сангини таърих гузашта, аз гирдоби бало раҳоӣ ёфт. Имрӯз миллати баваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунанд. Чунки барои мардуми мо Ваҳдат ин муқаддастарин ва нодиртарин меваи шаҳдбори даврони истиқлолият, суботи ҷомеа, сарҷамъӣ ва амнияти сарзамини аҷдодист. Пойдории Ваҳдати миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба иродаи солим, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳмати пайвастаи модарони мо барои дар руҳияи бузурги меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу бум, инчунин омӯзишу эҳтироми таъриху фарҳанги ғании ниёгон тарбия кардани фарзандон вобаста аст. Дар ин замина мо тавонистем бо муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон -Ваҳдати миллиро дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ таъмин намоем.

Ҳаёт гузарон асту талошу кӯшиш дар роҳи бунёдкорию созандагӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Ин ҳама дигаргуниҳои рӯзгор ва пешрафту комёбиҳои бадастомада ба миллати тоҷик бо шарофати тинҷию амонӣ ва сулҳу осоиштагӣ насиб гаштааст. Воқеан ҳам имрӯз мардум ба Ваҳдати миллӣ расидаанд, онро ба хуби дарк кардаву ҳастии чунин як арзиши миллиро муҳим медонанд, зеро бе ваҳдат ҳатто дар хонавода ҳам ба комёбие наметавон ноил гардид. Дар урфият мегӯянд аз инсон кори неку номи нек боқӣ мемонад. Оё сарҷамъ кардани як миллат кори хайр нест? Албатта кори хайр аст, зеро барои пешрафти ҷомеа, тарбияи ҷавонон, рушди иқтисоди Ватан, фарҳанги миллӣ ва тамоми бахшҳои дигар замина мегузорад. Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин дастоварди давлатдории халқамон мебошад, ки тамоми пешрафту тараққиёт, комёбиҳову муваффақиятҳои Ватани азизамон ва рӯзгори пурсаодати мардуми шарифи Тоҷикистон аз он маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, бо гузашти солҳо аҳамият ва мақому манзалати ин рӯйдоди сарнавиштсози миллати куҳанбунёди тоҷик боз ҳам баландтар мегардад. Албатта, дар ин самт бе ягон гуфтугӯ ва баҳс хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст, зеро ҳамчун меъмори хирадпеша, сулҳҷуву сулҳдӯст Ваҳдати миллии моро бунёд гузоштанд ва мардуми парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам оварданд. Дар ҳақиқат ҳамин ҷаҳду талошҳои хастанопазир буд, ки Ваҳдат дар Тоҷикистон тантана кард ва мардум ба рӯзҳои хуш расиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ машаққати зиёдро аз сар гузаронида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳоӣ ёфта, сулҳу субот, тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути Ақл, Хирад, Тадбир ва тавоноии Сухан, ки аз ҷавҳари маънавиёти бузурги ӯ сарчашма мегиранд, тавъам бо рафтори ҷавонмардонааш тавонист дар дилу дидаи мардум ҷо шавад, ба кишвар сулҳ биёрад ва суботу амниятро дар Ватани азияткашидаи мо барқарор созад.

Бо ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Тоҷикистон барои рушду нумӯи мамлакат дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар заминаи мусоид муҳайё гардид. Имрӯзҳо кулли сокинони мамлакат зери ливои сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои орому осудаи кишвари биҳиштосоямон фаъолият мекунанд ва сарбаландона умр ба сар мебаранд.

Мавриди ёдоварист, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2000-ум дар ҷаҳон Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ эълон карда шуд ва боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпарасти Тоҷикистони азиз аст, ки дар ин иқдом таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон низ ба эътибор гирифта шудааст.

Ваҳдати миллӣ дар ваҳдати ҷомеа, қишрҳои гуногуни ҷомеа, намояндагони гуногуни этникӣ ифода меёбад, ки дар асоси манфиатҳои умумимиллӣ, арзишҳо ва гузаштаи таърихӣ инъикос мегардад. Ваҳдати миллӣ на танҳо ваҳдату иттиҳоди тоҷикон, балки ваҳдату иттиҳоди намояндагони тамому халқу миллатҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ё ба истилоҳ тоҷикистониён, мебошад. Ҳамагон, бахусус, ҷавононрно мебояд зираку ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки душманони миллат дигарбора ҳадафҳои нопоки худро амалӣ карда тавонанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки аз воқеаҳои мудҳиши солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки бо дасти душманони хориҷӣ тарҳрезӣ гашта буданд, сабақ омӯзем, боэҳтиёт бошем,то ба доми худфиребон наафтем. Бошад ки оқиливу заковати солим моро роҳнамо ва аз гирдоби хоинону роҳгумон нигоҳ дорад ва ваҳдати моро поянда гардонад.

 

Зарипов А.Р - н.и.т.дотсент мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ.

Таибов С.А.- ассистенти кафедраи стоматологияи ортопедӣ.


16.05.2025 57

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php