РӮЗИ ОИЛА — РАМЗИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ ВА ВАҲДАТ ДАР ҶОМЕА
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 1993 рӯзи 15 майро расман ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила эълон кард. Ҳадаф аз ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи масъалаҳои вобаста ба оила ва тарғиби арзишҳои оилавии башарӣ мебошад. Тоҷикистон низ ба ин сана аҳамияти махсус медиҳад, зеро оила дар фарҳанги миллӣ ва иҷтимоии мо ҷойгоҳи хоса дорад. Ин рӯз на танҳо ҷашн, балки мавқеи муҳими омӯзишӣ ва иҷтимоӣ низ дорад.
"Оила як кохест, ки асоси онро меҳру муҳаббат, бурдборӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад." Иброз доштанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Оила аввалин муҳити тарбиявии инсон аст. Маҳз дар оила инсон ахлоқ, эҳтиром, меҳру муҳаббат ва масъулиятро меомӯзад. Яке аз вазифаҳои муҳими ҷавонон — омӯзиши масъулиятноки нақши худ дар оила ва ҷомеа мебошад.
Дар Тоҷикистон сиёсати давлатӣ оид ба таҳкими оила аз муҳимтарин самтҳои рушди иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббусҳои Президенти кишвар, қонунҳо ва барномаҳои махсус барои дастгирии оила, аз ҷумла ҷавонон ва оилаҳои ҷавон, қабул шудаанд. Барномаҳои тарбиявӣ, маслиҳатгоҳҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ таъсис ёфтаанд.
Мо бояд дарк кунем, ки оилаи солим — пояи ҷомеаи устувор аст. Ояндаи миллат аз он вобаста аст, ки имрӯз чӣ гуна фарзандонро тарбия мекунем ва чӣ гуна ба масъалаи оила муносибат дорем. Арҷ гузоштан ба волидайн, эҳтироми калонсолон, тарбияи дурусти фарзандон ва муносибати дуруст дар оила аз ҷумлаи рисолатҳои муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Нақши оила дар тарбияи ҷавонон: оила ҳамчун нахустин муҳити тарбиявии инсон, дар ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии ӯ нақши калон дорад. Аз нигоҳи равоншиносон, муҳити оилавии солим боиси рушди мутавозини равонӣ ва ахлоқии фарзандон мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими оила ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ таваҷҷуҳи хоса дорад. Барномаи миллии «Таҳкими оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» қабул гардида, он ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дастгирии ҷавонони навхонадор равона шудааст.
Рӯзи оила барои ҷавонон, як фурсати хубест, то дар бораи нақши оила дар ҳаёт андеша кунанд, ба арзишҳои суннатии миллӣ арҷ гузоранд ва дар таҳкими фазои оилавии солим саҳм гиранд. Зеро миллате, ки оилаҳои мустаҳкам дорад, ҷомеаи обод ва пешрафта хоҳад сохт.
Қобилова Б.Ҳ.-дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ба номи профессор Аминов Ҳ.Ҷ.