НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ ҶОМЕА


НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ ҶОМЕА

Дар ҷаҳон ҳамасола 15-уми майро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии оила» таҷлил менамоянд, ки бо қарори Маҷмаи Умумии СММ соли 1993 эълон гардидааст. Андешаи таъсис додани чунин рӯз ҳанӯз аз соли 1989 сабзида, ҳадафи он таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи кишварҳо ба мушкилоти дар оилаҳо ҷойдошта буд. Баъди қабули ин қарор Созмони Милали Муттаҳид соли 1994-ро «Соли оила» эълон намуд.
Ҳадаф аз баргузории “Соли оила” баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографие, ки ба вазъи оилаҳо таъсир мерасонанд, мебошад.

Дар Тоҷикистон низ ҳамасола бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ғайра баргузор мегарданд. Озмунҳои варзишии оилавӣ ва оилаҳои намунавиро ташкил намуда, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тӯйи домодиву арӯсӣ ва хатнасури кӯдакони оилаҳои камбизоат ба таври ройгон ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин озмунҳои “Кадбонуи беҳтарин”, “Хушдомани беҳтарин”, “Фарзанд - боғи падару модар” ва ғайра дар ҷумҳурӣ бо мақсади устувор намудани рукнҳои оиладорӣ ва қавӣ намудани пайвандҳои хонаводагӣ роҳандозӣ мегарданд.  

Дар замони соҳибистиқлолӣ, ки метавон онро ҳамчун айёми худшиносии миллӣ унвон дод, Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро таҳия ва соли 2013 қабул намуд ва имрӯзҳо беш аз 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии бонувонро дар бар мегирад, амал менамоянд. Ғайр аз ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак»-ро худ пешниҳод намуданд, ки баъди ба тасвиб расидан  раҳнамои хубе барои хонаводаҳои тоҷикистониён гардид.  Дар ин росто, барои солимии оила ва ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки мувофиқи он оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.

Бузургони илму адаби тоҷик дар мавзӯи оила ва нақши он дар ахлоқу адаб ва худшиносии ҷомеа таҳқиқот, пажӯҳиш ва рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёде ба мерос гузоштаанд, ки дар ҷаҳон маълуму машҳуранд. Устод Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Низоми Ганҷавӣ, Носири Хусрав, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон дар мавзӯи тарбияи фарзанд ва нақши оила дар он, мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо осори зиёде таълиф намудаанд. Яке аз ақидаҳои бунёдии ин муаллимони бузурги ахлоқ он аст, ки онҳо ҳусни эҳтиром ва масъулиятро нисбат ба фарзанд ва пайваставу ҳамеша анҷом додани амалҳои неку солеҳро дар рафтору гуфтори ӯ бо муносибати некбинонаи волидони онҳо алоқаманд медонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзи асолати миллӣ ва устуворгардонии оилаҳоро бо дарназардошти таъсири раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсии худ қарор доданд ва дар ин раванд тадбирҳои муассиру самарабахш андешиданд. Аз ҷумла, таъсис додани сохтори махсус - Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон исботи он аст, ки дар соҳаи иҷтимоӣ ҳалли мушкилоти таъмини баробарқуқуқии занон ва таҳти ғамхории ҳамешагии давлат будани оила нақши ҳалкунанда дорад. Ҳамчунин, дар низоми қонунгузории давлат, қабл аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оила муҳимтарин принсипу усулҳои ба оила алоқаманд дарҷ шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оила мақом ва манзалати зан - модарро хеле бузург медонанд ва борҳо зимни суханронӣ доир ба нақши бузурги модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва солимии хонавода таъкид доштаанд. Дар ин радиф, мақоми занро на танҳо дар оила, балки дар пешрафту ваҳдатгароии ҷомеа ва ҳифзи истиқлоли миллӣ ниҳоят бузург мешуморанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки баҳри татбиқи сиёсати гендерӣ ва оила, таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии хушунати оилавӣ, мустаҳкам намудани пояҳои оиладорӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона, ҷалби занону духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, минбаъд низ дар раванди фаъолият барои устувории муносибатҳои неки хонаводагӣ ва баланд бардоштани нуфузи хонаводаҳои солим тамоми неруро сафарбар хоҳад кард.   

 Шукурова Н. Я.-дотсенти кафедраи физиологияи нормалӣ


15.05.2025 72

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php