ДАРСИ ВАТАНДӮСТӢ АЗ “ШОҲНОМА”-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ


ДАРСИ ВАТАНДӮСТӢ АЗ “ШОҲНОМА”-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ

Имрӯз, бо ибтикори кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба “Моҳвораи ҷавонон” маҳфили адабии “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид, ки дар он ҳайати кафедра намояндагони шуъбаи тарбия ва донишҷӯёни курси якуми факултетҳои Донишгоҳ ширкати фаъолона доштанд. Донишҷӯён бо як маҳорати баланди эҷодиву адабӣ байтҳои “Шоҳнома”-ро қироат намуда, маҳорати баланди хешро нишон доданд. Ҳадафи баргузории маҳфили мазкур дар замири донишҷӯён бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик ва пос доштани мероси ниёгон шуморида мешавад.

Бо қаноатмандӣ зикр менамоем, ки дар назди кафедра маҳфили адабии “Авҷи Зуҳал” таҳти роҳбарии омӯзгори кордону соҳибтаҷриба Суфиева Гулбону фаъолият дорад, ки пайваста дар гузаронидани маҳфилҳои адабии “Шоҳномахонӣ”, “Синохонӣ”, “Мавлавихонӣ” ва гузаронидани даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” саҳми нааррас мегузорад. Шогирдони муаллима Суфиева Г. дар маҳфили мазкур пухта расидаанд ва донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ низ муаррифӣ менамоянд.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО

ҶОМЕАИ ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


15.05.2025 69

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php