ВОРИСОНИ СИНОЮ – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!


ВОРИСОНИ СИНОЮ – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

15-уми майи соли 2025 дар кафедраи забони лотинӣ дар мавзӯи «Ворисони Синою – пайравони Пешвои миллатем» дарси кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд.

 

Дар оғози дарс донишҷӯён бо ифтихори баланди миллӣ зикр доштанд, ки мо ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол шукргузори озодию ободӣ ва оромию осудагии ватанем. Меболем, ки Пешвои муаззам дорем ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш аз ҳидоятҳои ӯ баҳра мебарем. Пешвои миллат бо машъали фурузони нанги ватандорӣ роҳи ояндаи моро мунаввар кардааст. Моро аз худшиносӣ бохабар мекунад, ба бунёдкориву созандагӣ сафарбар месозад.

Мо пайравони Пешвои миллатем - пайрав гуфтан аз рафтору кирдор ва амалҳои шоистаи касе ибрат гирифтан, давомдиҳандаи корҳои ӯ будан, ё ин ки аз ҷиҳати илму мадангият ва хештаншиносӣ ба Ӯ монанд шудан аст. Хусусан мо – ҷавонон мехоҳем аз пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Сабаби ба сарвари давлат пайравӣ намудани мо – ҷавонон нотарсиву ҷасурӣ ва мардонагиву ғурури баланди ватандӯстии ӯст.

Бояд гуфт, ки бо пайравӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, имрӯз насли наврасу ҷавон, ба имконотҳои бузурги моддиву маънавӣ дар пойтахти мамлакат шарафёб гардиданд. Аз ҳамин лиҳоз, метавон гуфт, ки ояндаи Ватани мо бо нерӯи созандаи насли навраси мамлакат боз ҳам ободу зебо хоҳад шуд. Мо насли ояндасози миллат аз дастуру супориш ва раҳнамоии Пешвои хирадманд дар ҳар қадам панд мегирем. Дар эъмори ҷомеаи демократӣ ташаббускорӣ нишон дода, гузаштаро меомӯзем, имрӯзро шукуфонтар мекунем ва ояндаро месозем. Зеро замони муоссир тақозо мекунад, ки насли ҷавони имрӯза баҳри ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ омода бошад.

         Хушбахтона имрӯз Ворисони Сино - донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳар як гулчини насиҳатҳои пурҳикмати роҳбари давлатро сармашқи ҳаёти хеш қарор дода, дар пешрафти кишвари аҷдодиашон саҳм гузошта истодаанд.

Кафедраи забони лотинӣ



15.05.2025 66

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php