ЁДЕ АЗ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ


ЁДЕ АЗ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ

Шуруъ аз солҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳ профессорон ва омӯзгорони зиёде дар ҷодаи тарбияи насли ҷавон дар соҳаи тиб саҳми босазо гузошта, дар аламафрозии кору пайкори Синои бузург қадами шоиста гузоштаанд. Дар ин росто номи як қатор олимони варзидаро гирифтан мумкин аст, вале аз ин миён ду нафар профессор – Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ бо хизматҳои шоёни таҳсинашон дар рушди илми тиб ва тарбияи насли ҷавон басо назаррас ва қобили таваҷҷуҳ мебошад.

         Минҳоҷ Ғуломов (19291996) яке аз равонпизишкони маъруфи на танҳо Тоҷикистон, балки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб ёфта, дар ин роҳ ба қуллаҳои баланди илм мушарраф гардидааст. Ӯ дар замони фаъолияташ шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба онҳо аз нозукии илми асабшиносӣ сабақ омӯзондааст. Зери роҳбарии ӯ 34 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.

Донишманди нотакрор – Минҳоҷ Ғуломов доктори илми тиб (1965), профессор (1966), академик, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии СССР, Сарпсихиатри Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1958-1996), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1977), Духтури хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1964), «Аълочии Вазорати саноати химияи ҶҲБ» мебошад.

         Пажӯҳишҳои илмии ӯ, асосан, ба масъалаҳои умдаи психиатрия бахшида шудаанд. Устоди зиндаёд бори аввал алоқаи патогенези алоими Кандинскийро бо бемориҳои асосӣ (масалан, шизофрения-савдоӣ), ки дар онҳо иллати мазкур хурӯҷ мекунад, муайян намудааст.

Профессор Минҳоҷ Ғуломов муалифи 377 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ аст.

Донишманди фақид Ғуломов барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсонаш дар илми тиб бо як қатор ҷоизаҳо мушарраф гардидааст, ба монанди Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1977), ордени Ленин, ордени «Револютсияи Октябр», ду ордени «Нишони Фахрӣ», нишони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» (пас аз маргаш) ва ғайра.

Ҳамзамон, ҷиҳати арҷгузорӣ ба фаъолияти бенуқсони ин марди фозил бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ва номи кӯча воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шудааст. Илова бар ин, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббӣ ва як толори лексионӣ ба номи устод Ғуломов мусаммо гардидааст.

 

Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ (1932-1996) аз тобноктарин ахтар дар самои илми тиб маҳсуб гардида, ба таври махсус то кунун нурафшонӣ карда истодааст. Фаъолияти илмиву амалии ин марди зиндаёд барои имрӯзиён намунаи ибрат аст. Донишманди нотакрор Ю.Б.Исҳоқӣ дар тӯли фаъолияти хеш ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ӯ соли 1958 рисолаи номзадиро, дар мавзуи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ» ҳимоя кардааст. Солҳои 1958-1960 ассистенти кафедраи оториноларингологияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) фаъолият кардааст. Соли 1960 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Совети Вазирони СССР унвони дотсент дода шуд. Солҳои 1960—1964 сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявӣ № 4, дотсенти кафедраи оториноларингологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Соли 1968 дар мавзуи «Кистаи роҳҳои болои нафас» – рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Вакил ва маърӯзачӣ дар анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Ереван иштирок намуда, аъзои Садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гаштааст. Ӯ солҳои 1968-1969 вазифаи дотсенти кафедраи оториноларингология, солҳои 1969-1973 вазифаи ноиби ректор оид ба қисми таълимии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият намудааст. Барои натиҷаҳои корҳои илмиву тадрисӣ мавсуф соли 1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ карда шуд ва бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонида шуд. Ҳамчун олими варзидаи тиб соли 1977 дар Ҳиндустон ва Сейлон бо олимони ЛОРи СССР ба конфронси байналмилалӣ ҳамчун вакил иштирок кард. Соли 1973 ӯ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъйин шудааст.

Дар фосилаи умри бобаракати хеш Ю. Б. Исҳоқӣ зиёда аз 300 асари илмӣ, мақолаҳо, ихтироъҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки аз доираи васеъи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимии эшон паём мерасанд. Нахустин академики илми тибби тоҷик, муаллифи бисъёр таълифоти илмӣ, аз он ҷумла 10 монография, 11 тавсияи методӣ мебошад.

Асарҳои илмии ӯ то ба ҳол арзиши илмиву амалии худро гум накарда, дар мактабҳои олии равияи тиббӣ ҳамчун китоби дарси истифода бурда мешаванд. Асарҳои Ю. Б. Исҳоқӣ дар тибби Тоҷикистон, СССР ва ҷаҳон аҳамияти калони илмию амалӣ дошта, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад (якчанд асарҳояшон бо ҳаммуаллифи нашр гардидааст). Таҳти роҳбарии илмии ӯ 13 нафар тадқиқотчиён, аспирантҳо рисолаи номзадӣ ва 2 нафар кормандани калони илмӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ю. Б. Исҳоқӣ дар тӯли қариб 40 сол ба донишҷӯёни Донишкадаи (ва сонитар аз соли 1993 донишгоҳ) давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соҳаҳои мухталифи илми оториноларингология дарс додаст, машғулиятҳои лексионию амалӣ ва лабароторияви-амалӣ гузаронидааст. Ҳаминро бояд қайд кунем, ки баробари ин дастовардҳои барҷастаи илмӣ симои Юсуф Исҳоқиро фаъолияти созмондиҳии эшон ба сифати сарвари яке аз донишгоҳҳои олии бонуфузи ҷумҳурӣ — Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба таври шоиста муаррифӣ менамояд. Дар ин даври пурмазмун дар қатори зиёда аз 880 мактабҳои олии СССР Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷойҳои аввал меистад. Ба ҳамагон маълум аст, ки номи Абӯалӣ ибни Сино барин ашхос ифтихори халқ, ифтихори мо, ифтихори мардуми ҷаҳон буда, насли имрӯзаро бо корҳои бузург ҳидоят мекунад.

Соли 1961 бо ордени Байрақи Сурхи меҳнат, соли 1973 бо медали «Дусадсолагии институти тиббии якуми шаҳри Маскав ба номи И. М. Сеченов» мукофотонида шуд. Соли 1979 дар соҳаи илм ва техника бо Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мукофотонида шудааст. Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон хидматҳои шоистаи олими номварро дар соҳаҳои таълим, тарбия ва илм ба инобат гирифта соли 1989 бо унвони давлатии Арбоби хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон мукофотонидааст. Ҳамчунин, соли 2012 пас аз вафоташ Нишони «Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон» -ро соҳиб гардидааст.

Боиси таассуфи зиёд аст, ки бадхоҳону душманони миллати тоҷик аз нотавонбинии зиёд 6 майи соли 1996 Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломовро, ки ҳар ду ҳам дар камолоти илмӣ қарор доштанд, ваҳшиёна ба қатл расонидаанд.

Ёду номи некатон ҷовид бод, устодони гиромӣ! 

 

 Муовинати тарбия


10.05.2025 32

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php