БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ОЛИМОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ АЗ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ОЛИМОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ АЗ ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ

Санаи 6 майи соли 2025, Валентин Георгиевич — олим ва кимиёдони маъруфи рус, мудири кафедраи химияи органикии Донишгоҳи давлатии Маскав, профессори Академияи илмҳои Русия, ва Вошкин Андрей Алексеевич — муовини директор оид ба илм, профессор, аз Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ боздид ба амал оварданд.

Дар ҷараёни сафар, меҳмонон бо директори Пажӯҳишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Саидзода Бахромуддин Икром мулоқот анҷом дода, масъалаҳои ҳамкории илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, ҳайати меҳмонон аз озмоишгоҳҳои Пажӯҳишгоҳ дидан намуда, вобаста ба имконоти ба роҳ мондани таҳқиқоти илмӣ-эксперименталӣ бо истифодаи маводи химиявӣ дар ҳайвоноти озмоишӣ дар оянда, нақшаҳои мушаххас таҳия намуданд.

 

ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


10.05.2025 33

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php