ИШТИРОКИ ХОДИМИ ИЛМИИ ПАЖӮҲИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
Аз санаи 29-уми апрел то 2-юми майи соли 2025, ходими илмии Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ” – и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино — Холиқзода О.У., дар форуми намоишгоҳи байналмилалии “The 14th Innovation and Technology Exhibition” (INOTEX 2025), ки бо иштироки намояндагони беш аз 30 кишвари ҷаҳон дар Парки технологии “Пардис”-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ширкат варзид.
Мақсади сафар иштирок дар муаррифии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва пешниҳоди маҳсулоти инноватсионӣ — маводи навтаҳияшудаи “Тагетол” буд. Дар рафти сафари хизматӣ Холиқзода О.У. аз озмоишгоҳи бактериологӣ ва корхонаҳои дорусозии ҳудуди Парки технологии “Пардис” боздид намуда, бо мутахассисони эронӣ табодули таҷриба анҷом дод.
Ҳамзамон, вохӯриҳо бо намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии маводи “Тагетол” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ