ДАРСИ КУШОД БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ


ДАРСИ КУШОД БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

8.05.2025с дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона аз тарафи ассистенти кафедраи ТАБК Рахматуллаева М.А. дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Рузи Ғалаба-дарси матонату шуҷоатмандӣ» гузаронида шуд.

9-ми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба, рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, чун дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукӯҳ таҷлил карда мешавад. 22 июни соли 1941 Ҷанги Бузарги Ватанӣ оғоз ёфт. Ҳамон рӯзи якшанбеи 22 июн ба воситаи радио изҳороти Ҳукумати Шӯравӣ садо дод, ки сатрҳои он имрӯз ҳам дар хотири насли калонсоли ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ боқӣ мондааст. Дар изҳорот аз ҷумла гуфта шуда буд: «Қисмҳои ҳарбии Олмони фашистӣ соати 4-и субҳи имрӯз бе ягон огоҳӣ ва бе эълони ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум оварданд. Онҳо ба қаламрави мамлакати мо зада даромада, дар бисёр минтақаҳо ба посгоҳҳои сарҳадӣ ҳуҷум оварданд, ҳавопаймоҳои душман шаҳрҳои Житомир, Киев, Севастополь, Каунас ва ғайраро бомбаборон карданд». Ҳамон рӯз барои халқҳои шӯравӣ давраи фоҷиабор ва муборизаи қаҳрамонона барои озодии мамлакат- Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Халқи тоҷик низ қатори дигар халқҳои озодихоҳи ҷаҳон Иди Ғалабаро бо тантана ва бошаҳомати хосса ҷашн мегирад. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.

 

          Ватан ҷоне, ки дар ҷони ману туст,

           Ватан ноне, ки дар хони ману туст.

 Ватан ойинаи оби зулол аст,

        Ватан покии виҷдони ману туст.

 

Кафедраи таълими асосхои беморихои кудакона


10.05.2025 37

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php