ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз (08.05.2025) дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирокдоронро ба ин санаи муҳимми таърихӣ табрику шодбош гуфта, афзуданд, ки 80-сол муқаддам падарону бобоёни мо барои озодии марзу буми аҷдодии хеш сина сипар намуда, корнамоии онҳо мояи ифтихор ва дарси сабақ барои насли наврасу ҷавони муосир аст. Зикр гардид, ки имрӯзҳо, мо бо эҳтироми бузург ва садоқати бепоён аз он ҷоннисориҳои абармардони шаҳиди роҳи Ватан ёд мекунем. Аз он қаҳрамониҳои онҳое, ки дар хатти пеши ҷанг ҷонфидоӣ кардаанд ва ҳамчунин аз онҳое, ки дар ақибгоҳ-бо меҳнати ҳалол ғалабаро наздиктар сохта буданд. Мутаасифона шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми қаламрави собиқ Шӯравӣ ангуштшумор мондаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати комили миллӣ шароит фароҳам омадааст, ки мо аз зодагони диёри маҳбубамон, ки дар пойдории сулҳу субот ҷони хешро нисор намудаанд ёд кунем ва хотираи неки онҳоро пос дорем.
Неъматов Икромиддин-номзади илмҳои таърих, Сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Шуҷоат ва қаҳрамонии тоҷикистониён дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ” баромад карда, нақши фарзандони тоҷикро дар таъмини ғалаба бар фашизм назаррасу ҳалкунанда арзёбӣ намуданд.
Муродов Шамсиддин-сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳ зимни суханрониҳои хеш аз ҷонфидоиҳои қаҳрамонони Ватан бахусус кормандони соҳаи тиб дар он лаҳзаҳои мудҳиш маълумот ироа намуда, саҳм ва корнамоиҳои онҳоро дарси матонату шуҷоатмандӣ ва сабақи зиндагӣ барои ҷавонон ва табибони оянда маънидод карданд.
Дар идома дастаи ҳунарии “Шифо” бо суруду таронаҳои ватандӯстона ба чорабинии мазкур ҳусну таровати иловагӣ бахшида, хотири иштиркдоронро шод намуданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА