ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД...


ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД...

Санаи 06.05.2025 дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” даври аввали Озмуни “Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад...” миёни донишҷӯдухтарони Донишгоҳ баргузор карда шуд. Даври аввали Озмуни мазкур тибқи Низомнома гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯён иштироки фаъолона дошта, порчаҳоро аз достонҳои “Шоҳнома” қироат намуданд. Натиљаи озмун нишон дод, ки донишҷӯён ба «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ таваҷҷуҳи хоса доранд. Аз миёни теъдоди зиёди иштирокчиён аъзои комиссия ба ҳунару маҳорати қироати ифоданок ва шарҳу баёни ҳодисаву воқеаҳои асар, инчунин, луғатдонии донишҷӯдухтарон баҳогузорӣ намуда, бо баъзе бартариятњо ѓолибони озмунро муайян намуда, барои иштирок дар даври баъдии Озмун пешниҳод намуданд.

Бояд иброз дошт, ки Озмуни “Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад...” зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, аз ду давр иборат мебошад.

 

Муовинати тарбия


08.05.2025 70

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php