ЁДЕ АЗ КОРНАМОИИ ҚАҲРАМОНОН БАҲРИ ҲИМОЯ ВА ҲИФЗИ ХОКИ ВАТАН
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб МДТ «ДДТТ-и ба номи Абуалӣ ибни Сино» тибқи нақшаи мавзӯӣ-тақвимии дарсҳои кураторӣ бо донишҷӯёни курси 4 гурӯҳҳои 36 ва 38-уми факултаи тиббӣ семинар бахшида ба мавзӯӣ «Ёде аз корнамоии қаҳрамонон баҳри ҳимоя ва ҳифзи хоки Ватан » гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур ҳайати устодони кафедра ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд: Семинарро муаллими калони кафедра н.и.т., Комилов И. Ш., ҳусни оғоз бахшида, қайд карданд, ки дар солҳои 1941-1945 ҷанговарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диловарона ширкат варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.
Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мисли шоҳсутуне мебошанд, ки ҷомеаи моро мустаҳкам нигоҳ дошта, насли ҷавонро барои вориси асили бузургмардони гузашта гардидан омода месозанд. Корнамоии онҳо баҳри ҳимоя ва ҳифзи хоки Ватан, барои тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон як китоби пурарзиши панду ҳикмат буда, ҳар як сатри он роҳкушо ва роҳнамои насли ояндаи кишвар мебошад. Мо мақсаду мароми асосии худро баҳри бунёдкорӣ ва созандагии Тоҷикистони азиз қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сазовори номи фарзанди фарзонаи миллат ва халқ бошем. Бигузор ҷавонони ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ қувваи худро танҳо барои ободӣ ва пешравии Ватани хеш сарф намоянд.
Қудрату тавоноии артиши шӯравӣ аз матонату садоқати афсаронаш ибтидо мегирифт. Аз шуҷоати сарбозонаш, ки розӣ буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро фидо кунанд. Ба ин гуфта, қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик, ки худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳ шуда метавонад.
Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ муаллимаи калони кафедра Нуриддинова Н. Н., маъруза намуда, иброз карданд, ки ин ҷанги хонумонсӯз, ки ҷони ҳазорҳо ҳамватанони моро рабуд, чунон ба рӯҳияи мардум таъсир расонида буд, ки ҳама - пиру ҷавон, хурду калон ва ҳатто занон ҳам тайёр буданд ба ҷанг раванд. Халқи меҳнаткаш бошад баҳри таъмини озуқаворӣ ва сару либоси сарбозон талош меварзид. Баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки дар ҷабҳаи меҳнат низ мардум талош меварзиданд. Дар баробари мардон занон низ дар мардонавор бо душман меҷангиданд ва қаҳрамонии занони далери тоҷик дар хати фронт шоистаи ифтихор ва таҳсин аст.
Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Корнамоиҳояшон онҳо аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст.
Инчунин ассистенти кафедра Зиёдалиева Т. З., суханро идома бахшида илова намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.
Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Аз ин лиҳоз, ин рӯзи хотирмонро ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми Тоҷикистони азизро ба муносибати Ҷашни 80-умин солгарди «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки дар Ватани мо тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азиз пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ҳамеша сарбаланду хонаобод ва фазои орому осуда таманно дорем.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии
ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб