ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ЧУМХУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»


ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ЧУМХУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Бо мақсади иҷрои амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 06.05.2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар он донишҷӯёни МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ширкат варзиданд.

         Бояд ёдовар шуд, ки даври аввали озмуни мазкур миёни донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳ моҳи марти соли равон гузаронида шуда буд, ки аз рӯйи 4 номинатсия 13 нафар донишҷӯ барои иштирок дар даври баъдӣ роҳхат гирифта буданд.

         Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли 7-ум аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар кишвар баргузор гашта истодааст.

         Шуъбаи тарбия


08.05.2025 73

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php