АЗ АНЪАНА ТО НАВОВАРӢ: СИМОИ МУОСИРИ КАФЕДРАИ ТИББИ ҲАРБӢ


АЗ АНЪАНА ТО НАВОВАРӢ: СИМОИ МУОСИРИ КАФЕДРАИ ТИББИ ҲАРБӢ

Дар арафаи таҷлили 80-солагии Рӯзи Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) зарур дониста шуд, то дар боораи пешравиҳои кафедраи тибби ҳарбӣ ва нақши он дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ёдовар шавем.

Кафедраи тибби ҳарбӣ яке аз сохторҳои Донишгоҳ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои таърихи пурифтихор ва анъанаҳои устувор дар омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустии ҳарбӣ мебошад. Дар тӯли фаъолияти худ, кафедра дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси тибби ҳарбӣ ва шинос намудани донишҷӯён бо асосҳои омодагии тиббӣ дар шароити низомӣ, саҳми арзанда гузоштааст.

Имрӯз кафедра симои нав ггирифтааст. Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳ ва дастгирии пайвастаи Вазорати мудофиаи кишвар, инчунин иштироки бевоситаи мудири тозатаъини кафедра-шахси фаъол, ташаббускор ва дорои ҷаҳонбинии васеи касбӣ полковники хизмати тиббӣ Пулотзода Саймурод Мингпулод фаъолияти таълимӣ ва моддӣ-техникиии кафедра ба таври чашмрас тағйир ёфтааст. Толорҳои таълимӣ ва долони кафедра таъмири косметикӣ шуда, лавозимоти дидактикӣ барои баланд намудани сифати таълим муҷаҳҳаз гардонида шудасст. Чунин шароит ба устодон ва донишҷӯён имконият медиҳад, ки дар муҳити замонавӣ дониш андӯхта, малакаҳои амалии худро инкишоф диҳанд.

Кафедра натанҳо ҳамчун пойгоҳи таълимӣ, балки ҳамчун маркази муҳимми тарбияи ахлоқиву ватандӯстии насли ҷавон фаъолият мекунад. Бо баргузории дарсҳои намунавӣ, вохӯрӣ бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва хизматчиёни ҳарбӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ саҳми кафедраро дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва садоқат ба Втан боз ҳам назаррас мегардонад.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба хотирнишон месозем, ки кафедраи тибби ҳарбӣ бо пайравӣ аз анъанаҳои наҷиби гузаштагон ва рӯй овардан ба навовариву пешрафт, рисолати пурифтихори худро дар фазои сулҳу суботи кишвар бо масъулияти баланд иҷро намуда истодааст.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


06.05.2025 116

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php