ТАҚВИЯТИ ДОНИШ ВА МАҲОРАТИ БАЛАНДИ КАСБӢ ДАР МАВЗӮИ МУБРАМИ АКУШЕРӢ


ТАҚВИЯТИ ДОНИШ ВА МАҲОРАТИ БАЛАНДИ КАСБӢ ДАР МАВЗӮИ МУБРАМИ АКУШЕРӢ

Дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 аз ҷониби мудири кафедра Қозидавлатзода Бадахшон ва профессор Комилова  Мавчуда  Ёдгоровна  лексияи омӯзишӣ , ки ба мавзӯи мубрами рӯз – «Сепсис ва садмаи септикӣ» бахшида шуда буд, бо иштироки табибони таваллудхонаи №2 ва асситентону ординаторони клиникии кафедра баргузор гардид.

Мақсади асосии лексия баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дониши клиникии ассистентони, ординаторон ва табибон  оид ба яке аз ҳолатҳои вазнин ва хатарноки сироятии тиб – сепсис ва садмаи септикӣ – мебошад.

Дар рафти лексия, профессор  Комилова Мавчуда Ядгоровна ба таври муфассал механизми инкишоф, усулҳои ташхис ва принсипҳои муосири табобати сепсисро шарҳ доданд. Таъкид гардид, ки муайянсозии барвақтии нишонаҳои клиникӣ, истифодаи саривақтии антибиотикҳо ва назорати гемодинамикӣ дар барқарорсозии беморон нақши муҳим мебозанд. Дар рафти лексия масъалаҳои муҳими клиникӣ, аз ҷумла патогенез, алгоритми ташхис, усулҳои муосири муолиҷа ва назорат дар ҳолатҳои вазнин мавриди таҳлил қарор гирифтанд

Лексия таваҷҷуҳи хоса ба худ ҷалб намуд ва баҳсу музокироти фаъолро миёни иштирокчиён ба вуҷуд овард. Саволҳои сершумори табибони таваллудхона нишон доданд, ки мавзӯъ ба эҳтиёҷоти таълимии онҳо ҷавобгӯ буда, ба тавсеаи ҷаҳонбинии касбӣ ва маърифати клиникии онҳо мусоидат менамояд.

 Кафедра минбаъд низ баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-омӯзиширо дар самти боз ҳам амиқтар намудани донишҳои тиббӣ ва омодасозии мутахассисони сатҳи баланд идома хоҳад дод.

Кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 2


06.05.2025 256

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php