ХИЗМАТ ДАР ХАТИ АВВАЛ: НАҚШИ ТИББИ ҲАРБӢ ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ


ХИЗМАТ ДАР ХАТИ АВВАЛ: НАҚШИ ТИББИ ҲАРБӢ ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Санаи 06 майи соли 2025 дар толори кафедраи тибби ҳарбӣ чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ бахшида ба 80 солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо иштироки афсар-омӯзгорон ва донишҷӯёни курси 2-юм, 3-юм ва 4-уми Донишгоҳ гузаронида шуд. Ҷаласаро омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ полковники х/т Норов Х.Қ., ҳусни оғоз бахшида, суруди миллӣ садо дод. Зимни суханронии қайд гардид, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои таърихӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ фаромушнашаванда аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Инчунин донишҷӯён бо маърузаҳои пурмуҳтавои омодакардаи худ баромад намуданд. Бо ҳамин таманниётҳои нек сардори қисми таълимии кафедраи тибби ҳарбӣ полковники х/т Расулзода М.Н. ба фардои дурахшони Ватани азизу маҳбубамон Иди Ғалабаро ба кулли иштирокчиён табрику таҳният гуфта, ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои орому осуда таманно намуд.

 

Иди Ғалаба – муборак ҳамдиёрони азиз!

Кафедраи тибби ҳарбӣ


06.05.2025 207

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php