9 МАЙ - РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ


9 МАЙ - РӮЗИ ҒАЛАБА  ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.

          Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.

          Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад. Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

          Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат низ таҳти меҳрубонӣ ва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад.

Имрӯз мо бо таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба ба инсоният нишон медиҳем, ки мо танҳо бо муттаҳидӣ ва дӯстӣ метавонем сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣ ва қувваҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.

          Бояд гуфт, ки бо гузашти солҳо, хусусан дар шароити торафт авҷ гирифтани нооромиву бесуботӣ дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра аҳамияту арзиши ин санаи таърихӣ дар байни мардуми олам меафзояд. Рӯзи ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

          Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

         Ин ҷанги хонумонсӯз, ки ҷони ҳазорҳо ҳамватанони моро рабуд, чунон ба рӯҳияи мардум таъсир расонида буд, ки ҳама - пиру ҷавон, хурду калон ва ҳатто занон ҳам тайёр буданд ба ҷанг раванд. Халқи меҳнаткаш бошад баҳри таъмини озуқаворӣ ва сару либоси сарбозон талош меварзид. Баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки дар ҷабҳаи меҳнат низ мардум талош меварзиданд. Дар баробари мардон занон низ мардонавор бо душман меҷангиданд ва қаҳрамонии занони далери тоҷик дар хати фронт шоистаи ифтихор ва таҳсин аст.

          Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Корнамоишҳояшон аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст. Бо шарофати ингуна мардони ҷасур имрӯз мо ҷавонон зиндагии шоиста ба сар мебарем. Рӯзи Ғалаба муборак бошад!

 

Ҳусейнова М.Д. , Якубова П. У.

-ассистентони кафедраи забони лотинӣ



06.05.2025 282

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php