ДАСТОВАРДҲОИ ФАРАҲАНГИИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд санаи 21-уми апрели соли равон бо ибтикори Ҳокимияти давлатии иљроияи н. Исмоили Сомонї дар толори Консерваторияи миллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» миёни гурӯҳҳои касбӣ – хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷҳои санъату рассомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар озмуни номбурда, 5 нафар узви дастаи “Шифо”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” низ иштирок намуданд, ки ҳунару маҳорати онҳо аъзои ҳакамон ва аҳли толорро хуш омад.
Дар ниҳоят, тибқи баҳодиҳии ҳакамон Ёрзода Неъматулло - донишҷӯи курси 4-уми факултети стоматологӣ, аз рӯйи Номинатсияи сарояндагӣ дар жанри “эстрадӣ”, Файзалиев Ардашер - донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматологӣ, аз рӯйи Номинатсияи навозандагӣ (скрипка) ва Ашурова Муҳиба - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ, аз рӯйи Номинатсияи сарояндагӣ дар жанри “анъанавӣ” сазовори ҷойҳои 3-юм, Диплом, мукофотпулӣ ва роҳхат ба даври шаҳрии озмуни мазкур гардиданд. Ин боиси сарфарозӣ ва ифтихори Раёсати Донишгоҳ мебошад.
Шуъбаи идеологӣ ва фарҳанг