ТАШРИФИ МЕҲМОНОН ВА ТАВСИЯҲО ОИД БА БЕҲТАРСОЗИИ ШАРОИТИ ОЗМОИШГОҲ


ТАШРИФИ МЕҲМОНОН ВА ТАВСИЯҲО ОИД БА БЕҲТАРСОЗИИ ШАРОИТИ ОЗМОИШГОҲ

Дар ҳафтаи сипаригардида, директори Маркази тадқиқоти технологияи ҳуҷайраҳои бунёдӣ, раиси Маркази тибби таҷрибавӣ ва муқоисавии Донишгоҳи тиббии Широз (Эрон), узви Фарҳангистони улуми тиббии Эрон, доктори илмҳои тиб, профессор Надир Танидех аз Озмоишгоҳои МД “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ” – и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид ба амал овард.

Ҳангоми боздид, профессор Танидех ҷиҳати беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвоноти озмоишӣ, таҳлилҳои морфологӣ ва ҳуҷайрадармонӣ дар асоси талаботи муосири илмӣ ва тиббӣ тавсияҳо ва дастурҳои муфид пешниҳод намуданд.

ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


05.05.2025 34

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php