ТАТБИҚИ АМАЛИЁТҲОИ ТАЪЛИМӢ-ТАҶРИБАВӢ БО ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ПАЖӮҲИШГОҲ
Дар бахши ҷарроҳии Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ (ОИТ) ва амалияи ҷарроҳӣ, тибқи нақшаи пешбинишуда, бо иштироки аъзоёни “Маҳфили илмии донишҷӯён” аз гурӯҳҳои 53 ва 36-и курси 3-юми факултети тиббии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” таҳти роҳбарии масъулин — Баҳромов М.Б. ва кормандони ОИТ, машғулиятҳои амалӣ доир ба омӯзиши техникаи ҷарроҳӣ баргузор гардиданд.
Дар доираи машғулиятҳо, донишҷӯён бо усулҳои омода кардани минтақаи ҷарроҳишаванда ва иҷрои амалҳои ҷарроҳӣ шинос шуданд. Илова бар ин, ду амалиёти ҷарроҳӣ дар мавзӯъҳои “Лапаротомия бо муоинаи узвҳои ковокии шикам” ва “Аппендикэктомия” дар харгӯшҳои таҷрибавӣ бо мақсади таълим ва таҷрибаомӯзӣ гузаронида шуд.
ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ