БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ТАБК ВА ДОНИШҶӮЁН АЗ “МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ”
Санаи 3-юми майи соли 2025 донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ гурӯҳи 36-ум таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедраи ТАБК аз Маҷмааи “Истиқлол” дидан намуданд.
Дар пойтахти кишвар ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол" ба баҳрабардорӣ расид. Майдони "Истиқлол"-ро Хадамоти матбуоти Президент "муъҷизаи нотакрори меъморӣ" унвон карда, афзудааст, ки баъди ба истифода додан ин мавзеъ майдони асосию марказӣ, қалби пойтахт ва Каъбаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон хоҳад шуд. Гуфта мешавад, минбаъд дар ин майдон чорабиниҳои сатҳи олии ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор мегарданд.
Рӯзи 8-уми сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар “Майдони Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол"- ро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои бошукуҳи ҷашни Истиқлол ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, дар ин майдон зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонида шудааст. Ин майдон аз Маҷмааи рамзи “Истиқлол”, минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, деворнигораҳо, майдони баргузории роҳпаймоӣ, гулгашт, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат аст.
Маҷмааи “Истиқлол”, ки дар маркази майдон бунëд гардидааст, 121 метр баландӣ дорад ва рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Масоҳати умумии Маҷмааи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи “Истиқлол” тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад. Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи “Истиқлол” Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, инчунин ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад. Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Яке аз дигар ҷозибаҳои Маҷмааи “Истиқлол” майдони тамошои он мебошад, ки дар ошёнаи 14 дар баландии 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад, ки тавассути он намои пойтахти кишвар ва зебоиҳои онро метавон мушоҳида намуд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона.