КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ ВА ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИЮ МАЪНАВИИ ДОНИШҶӮЁН


КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ ВА ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИЮ МАЪНАВИИ ДОНИШҶӮЁН

“Дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басо арзишманд мебошад. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи давраи навтарини таърихи миллати тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ саҳми бисёр муассир гузоштааст... Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва асари безаволи ӯ «Тоҷикон», дар ҳақиқат, солҳои 70-уми асри гузашта ба болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири пояндагии миллат ва таҳкими иқтидори давлатдории навини тоҷикон ба маҷрои тоза ворид гардид...Ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем”.

Суханронии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров.05.12.2023, шаҳри Душанбе

Чи хеле, ки ба ҳамаи мо маълум аст, вазифаи муқаддаси ҳар як мутахассиси соҳаи маориф, бахусус омӯзгор ба донишҷӯён таълим додани таърихи бузурги миллати хеш, дар онҳо бедор намудани шуури миллӣ ва дӯст доштани ватани азиз мебошад.

Аз ҳамин лиҳоз имрӯзҳо ташаккули сифатҳои ахлоқию маънавии ҷавонони донишҷӯ яке аз муҳимтарин вазифаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки дар ин раванд нақши омӯзгор хеле муҳим аст.

Зикр кардан ба маврид аст,ки тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон, бахусус донишҷӯён дар тамоми ҳаёти инсоният мақсади аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро асоси ҷомеаро фарҳанг ва маънавият ташкил медиҳад. Омӯзиши асарҳои мутафаккирони тоҷик аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо бо мақсади тарбияи ҳаматарафаи насли наврас ба тарғиби масъалаҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва одоби хонаводагӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, инсондӯстӣ ва ҷанбаҳои дигари маънавиёти ҷавонон рӯ овардаанд.

Яке аз асарҳои бебаҳои шахсиятҳои бузурге, ки осори ӯ саршор аз масъалаҳои худшиносии миллӣ, таърихи бойи халқи тоҷик, ахлоқи баланди инсонӣ буда, маҳз ба ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва тарбияи инсони олиҳиммату ватандӯст бахшида шудааст, ин асари ходими намоёни чамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров  китоби «Тоҷикон» мебошад.

Чӣ тавре, ки олимон қайд кардаанд, китоби таърихии бебаҳои «Тоҷикон», аз ду китоб иборат аст. Китоби якум “Тоҷикон” - Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна” мебошад, ки аз чор фасл ва чордаҳ боб иборат аст. Китоби дуюм “Тоҷикон охирҳои асри миёна ва давраи нав” буда, аз ду фасл, ҳафт боб ва замимаҳо иборат мебошад.

Тавре муҳаққиқон кайд мекунанд “дар фасли якум аз ташаккул ва рушди сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна, дар фасли дуюм аз ҳаёти аҷдодони тоҷикон дар давраи тараққиёти муносибатҳои ғуломдорӣ, дар фасли сеюм пайдоиши муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна, дар фасли чорум Осиёи Миёна дар давраи тараққиёт ва устуворшавии сохти феодалӣ сухан меравад. Китоби дуввум фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар гирифтааст: фасли панҷум — тоҷикон дар охирҳои асрҳои миёна ва фасли шашум дар бораи тоҷикон дар давраҳои ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ва тараққиёти муносибатҳои капиталистӣ дар ин сарзаминро тавсиф менамояд. Муаллиф бо истифодаи маводҳои муътамади илмӣ тоҷикшиносиро ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи умумиҷаҳонӣ таҳқиқ кардааст. Дар китоб проблемаҳои муҳими таърихи Шарқ, аз ҷумла баъзе масъалаҳои методологияи таҳқиқи илмии он, проблемаи ориёӣ ва бунёди нажодию забонии қавмҳои бостонии Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустони Шимолӣ ва Авруосиё; ташаккул ва таҳаввули зардуштия; таркиби анъанаҳои фарҳангии эронию ҳиндию юнонӣ; пайдоиши кушониён ва тамаддуни онҳо; сохти иҷтимоию иқтисодӣ; ташаккули таърихии халқияти тоҷик; маданияти асримиёнагии тоҷику форсҳо, аҳамияти ҷаҳонии он ва ғайра инъикос ёфтаанд.

Дар китоби «Тоҷикон» ба проблемаҳои этногенез диққати махсус дода шудааст. Муаллиф ташаккули халқияти тоҷикро дар ҷараёни алоқамандии этникию фарҳангии он бо халқиятҳои ҳамсоя (хоса ӯзбекон) тадқиқ кардааст. Дар худи асрҳои 7—6 то мелод дар Осиёи Миёна қавмҳои эронинажод — суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиён, фарғонагиҳо, портиҳо ва тоифаҳои саккоиҳо мезистанд, ки аз ҷиҳати маданият, урфу одат ва забон ба ҳам хеле наздик буданд (махсусан суғдиён ва бохтариҳо). Маҳз дар заминаи қавмҳои мазкур, махсусан суғдиён, хоразмиён ва бохтариҳо халқи тоҷик ташаккул ёфтааст. Ин ҷараёни этногенетикӣ аз охири асри 5 cap шуда, дар асрҳои 9—10, дар замони ташаккул ва рушди нахустин давлати тоҷикон анҷом пазируфтааст. Дар ин марҳилаи муҳим таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ба расмият даромада, нашъунамо кард. Забони ин адабиёт забони порсии дарӣ буд, ки бо он халқи маҳаллии тоҷикони Самарқанду Бухоро, Балху Хуҷанд, Марву Нишопур, Тӯсу Ҳирот ҳарф мезад. Лекин замон ва маҳалли пайдоиши ин забон ҳануз ҳам мавриди мубоҳисаҳои илмӣ мебошад. Дар ин хусус ду ақида ҳаст. Аксарияти муаррихони адабиёти классикӣ (Маликушшуаро Баҳор, Абдулғанӣ Мирзоев, Забеҳуллоҳи Сафо, Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский ва диг.) собит мекунанд, ки забони порсии дарӣ-тоҷикӣ дар байни эрониёни шарқӣ— сокинони муқимии Хуросон ва Мовароуннахр ташаккул ёфта, сипас ба маҳалҳои ғарбӣ (ҷойҳои эрониёни имрӯза) паҳн шудааст. Муҳаққиқони дигар (В. В.Бартолд, А. А. Фрейман, В. Ҳайгер, Р. Фрай), баръакс, забони дариро зодаи маҳалли эрониёни ғарбӣ эълон карда, ақидае пеш меоранд, ки ин забон дар заминаи шеваи ҷануби ғарбии вилояти Форс ташаккул ёфта, дар ҷараёни паҳншавиаш ба мавзеъҳои шимолӣва шимолу шарқӣ бисьёр унсурҳои забонҳои маҳаллиро аз худ кардааст. Мавқеи фарҳангии забони тоҷикӣ на танҳо ба мавқеи забони арабӣ баробар шуд (дар асрҳои Х11—Х111), балки рафта-рафта ҷойи онро гирифт. Забони тоҷикӣ, сарфи назар аз тағйироти ҷиддии сиёсие, ки дар тӯли ҳазораи охир дар сарзамини ситамдидаи Аҷам муттасил рӯй додаанд, мақоми маданӣ ва мавқеи расмии худро аз даст надодааст. Гузашта аз ин, дар асрҳои ХУ –ХУ11 вай доираи эътибори худро хеле васеъ карда, дар ҳудуди Ҳиндустону Покистони имрӯза нуфуз пайдо кард ва дар зарфи 300 сол вазифаи забони давлатӣ ва маданиро адо намуд. Забони давлатию фарҳангии чӣ Темуриён ва чӣ амирони манғитияи Бухоро тоҷикӣ буд. Дар китоби «Тоҷикон» марҳалаҳои асосии ташаккул ва тараққии тамаддуни тоҷикон, аз ҷумла адабиёту санъат ва илму фалсафаи аҷамиён ҳаллу фасл ёфтаанд. Таърихи интелллектуалии халқи тоҷик аз се ҳазор сол кам нест. Афкори илмию фалсафии эронӣ, ки решааш аз сарчашмаҳои Авесто (аз 1Х –У1 то мелод) сарчашма мегирад, дар асрҳои миёна (Х—Х111) ба авҷи тарақкиёт расидааст. Маълумоти мухтасари манбаъҳои таърихӣ, рӯйхати адабиёт ва маъхазҳои иқтибосшуда феҳристи номҳои тамоми асар дар охири китоби дуюм оварда мешавад. Бояд қайд кард, ки Б. Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» силсилаи масъалаҳои муҳим ва актуалии таърихи тоҷикон ва халқҳои ҳамсояро ба доираи таҳқиқу таҳқиқ кашида, онҳоро мавриди муҳокима ва мулоҳизаҳои доманадоре қарор додааст. Хулоса ва андешаҳое, ки дар китоб зимни таҳлили ҳаматарафаи сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои муаррихони шӯравию хориҷӣ баён намудааст, ба вусъати минбаъдаи афкори шарқшиносӣ ва махсусаи эроншиносӣ мусоидат намуд».

Зикр кардан ба маврид аст, ки профессор Б. А. Литвинский ҳамчун муҳаррири масъули ин нашрия дар мақолаи худ "Бобоҷон Ғафурович Ғафуров ва корӣ ӯ" китоби бебаҳои академик Б. Ғафуров «Тоҷикон» - ро баҳои баланд медиҳад. Вай қайд мекунад, ки "дар китоб таҳқиқоти олимони хориҷӣ: англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, амрикоӣ, ҷопонӣ, эронӣ ва ғайра ба таври васеъ истифода шудааст. Дар ин робита, он аз ҳамаи дигар асарҳои ҷамъбастӣ оид ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик дар заминаи таърих ва фарҳанги Шарқ хеле болотар аст. Аз саҳифаи аввал то саҳифаи охирин ин асар хеле байналмилалӣ аст. Тамоми таърихи халқи тоҷик дар ҷараёни робитаҳо, дӯстӣ ва бародарӣ бо дигар халқҳои Осиёи Миёна, хусусан бо ҳамсояи бевоситаи халқи ӯзбек муфассал баррасӣ шудааст. Китоби "Тоҷикон" фавран эътибори баланди илмӣ ва маъруфияти бениҳоят васеъ пайдо кард".

Академик Аҳрор Мухторов дар китобаш «Академик Бобоҷон Ғафуров” зикр намудааст, ки асари мазкур умуман дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми Шарқ ба куллӣ як саҳми арзандае гардид. Далели аз тарафи аҳли илм эътироф шудани маҳсули меҳнати олими тоҷик он аст, ки ба «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров таърихшиносон, бостоншиносон, ховаршиносони номии рус аз қабили академикҳо Б. Б. Пиотровский, Б. Б,Окладников, И. И. Минтс, А. А, Коростовсев, С. Л. Утченко, А. Л. Нарочнитский олимони шинохтаи тоҷик академикҳо Б. Искандаров, С. А. Раҷабов, аъзо-корреспонденти АИ Тоҷикистон А. Мухторов, бостоншинос В. А. Ранов, адабиётшинос X. Мирзозода, файласуф А. Турсунов ва дигарон такризҳо навишта ба он баҳои баланд додаанд. Дар тақризи худ ба ин асар академикҳо А. Г. Окладников ва Б. Б. Пиотровский чунин навиштаанд: «Мо дар даст тадқиқоти нави ҷамъбастии олимро дар ҳудуди 60 ҷузъи чопӣ дорем. Ин асари Бобоҷон Ғафуров натиҷаи заҳмат ва тадқиқотҳои бештар аз 30 солаи ӯ дар ин мавзӯст, барҷастатарин қисми фаъолияти илмии вай аст... ”

Қайд кардан ба маврид аст, ки “яке аз бостоншиносони барҷастаи советӣ, академики АИ СССР, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, лауреати Мукофоти давлатии СССР А.П.Окладников, ки дар таҳқиқи таърихи бостонии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон саҳмгузорӣ намудааст, дар рӯзномаи «Известия» доир ба «Тоҷикон» чунин навишта буд: «Рисолаи мӯҳташаму бунёдии Б. Ғафуров дониши моро доир ба таърих ва анъанаҳои яке аз халқҳои кадимтарини мамлакати мо — тоҷикон ғанӣ мегардонад ва ҳиссаи арзанда дар омӯзиши таърихи Ватан аст». (“Академик А.Окладников. Из глубины веков. “Известия”,1973.22 феврал”).

Ба ақидаи академик А.Мухторов “Китоби «Тоҷикон» дар хориҷи кишвар низ шӯҳрат ёфта, дар байни шарқшиносони маъруфи хориҷа бо истиқболи гарм пазируфта шуд. Ба ин китоб дар ИМА, Чехсловакия тақризҳо ба чоп расиданд. Масалан, яке аз донишмандони маъруфи таърих ва фарҳанги Шарқ, муаллифи асарҳои «Мероси Эрон», «Бухоро», профессори Донишгохи Гарвард Ричард Фрай (ИМА) дар маҷаллаи «Америка ҳисторикэл ревю» («Ахбори муаррихони Амрико») мақолае таҳти унвони «Академик Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷикон» навишта ба китоб чунин баҳо дода буд: “Беназирии академик Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё на танҳо аз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ директори Институти шарқшиносии АИ СССР — бузургтарин маркази ховаршиносие мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гашт. Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русии оид ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он «Тоҷикон» аст”.

Қобил зикр аст, ки худогоҳӣ ба фаъол гаштани нақши шахс дар рушди ҷомеа мусоидат менамояд. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке азПаёмҳо ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин иброз доштанд: “Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ...Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

Инчунин дар Паёми Пешвои миллат зикр шудааст, «Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми чаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”.

Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогохии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан - «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Дар китоби худ “Чеҳраҳои мондагор” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба китоби “Тоҷикон” баҳои баланд дода, қайд карданд, ки «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”.

Пешвои миллат барои шинохти гузаштагонамон китоби «Точикон» - ро ба чоп расонида, ба ҳар хонадон пешкаш намуданд, ки боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад. Ин иқдом ҳамчун раванди татбиқи мақсадҳои наҷиби Пешвои миллат ҷиҳати бо таърихи бостонии миллати хеш бештар ошно кардани аҳолӣ ва дар ин замина, дар замири ҳар як шаҳрванди кишвар талқини худшиносию парваридани меҳру муҳаббати самимӣ ба сарзамину давлати соҳибистиқлол маънидод гардида, онро метавон ҳамчун таҷрибаи пурарзиши ватанпарастӣ бо таърихи пурғановати миллати хеш ифтихори воқеӣ доштан, арзёбӣ намуд.

Боварии комил дорем, ки хурду калон ин шоҳасари Б. Ғафуровро бо шавқ мутолиа менамоянд, аз таърихи бой ва рангини даврони пешдодиёну шоҳони каёнй, шукӯҳи сулолаи Сомониён, аз таърих, адабиёти ғанӣ, фарҳанг ва ахлоқи шоистаи тоҷикони бостонӣ хубтар воқиф мегарданд ва ин, албатта, ба баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки ба таърихи бойи халқи тоҷик бахшида шудааст ва масъалаҳои хештаншиносиву ватандӯстиро ифода менамояд, барои тарбияи наслҳои имрӯзу фардо ва маънавиёти баланди онҳо созгор мебошад.

Юлдошева Манижа, омӯзгори кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 1, МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, номзади илмҳои тиб, дотсент,

Камолова Раънохон. Мирзоева Шамигул, Эшонова Саимахон, омӯзгорони кафедраи забони русии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”.

 

 


05.05.2025 29

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php