ШИНОСОИИ АМАЛӢ ВА ОМӮЗИШИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ СТОМАТОЛОГИЯ ДАР ОЗМОИШГОҲИ МОРФОЛОГИЯ, ФИЗИОЛОГИЯ ВА ПАТОЛОГИЯИ ЭНДОТЕЛИЯ


ШИНОСОИИ АМАЛӢ ВА ОМӮЗИШИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ СТОМАТОЛОГИЯ ДАР ОЗМОИШГОҲИ МОРФОЛОГИЯ, ФИЗИОЛОГИЯ ВА ПАТОЛОГИЯИ ЭНДОТЕЛИЯ

Дар давоми ҳафтаи сипаригардида, донишҷӯёни курси 3-юми факултети стоматология дар доираи машғулиятҳои амалӣ ба бахши морфология, физиология ва патологияи эндотелии Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳ ташриф оварданд. Мақсади ташриф — ошноӣ бо фаъолияти бахш, омӯзиши биомаводҳои илмӣ-таҷрибавӣ ва такмили дониш ва малакаҳои амалӣ буд.

Донишҷӯён бо маводҳое шинос гардиданд, ки дар натиҷаи таҳқиқоти илмӣ-эксперименталӣ оид ба санҷиши таъсири доруҳои рустании шифобахши ватанӣ ба ҳайвоноти озмоишӣ ба даст омадаанд. Ҳамчунин, маводҳои патоморфологие, ки баъд аз ҷарроҳӣ аз Маркази ташхису табобат ба Озмоишгоҳ ворид гардидаанд (гурда, бавосир, миомаи бачадон, долихомегаколон), мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳ, н.и.т., дотсент Тағойқулов Э.Х. дар ҳамкорӣ бо кормандони бахш ба донишҷӯён дар бораи таърихи таъсиси Озмоишгоҳ, мақсад ва самтҳои тадқиқоти патогистологӣ ва намудҳои он маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳангоми буриши маводҳои баъдиҷарроҳии воридшуда, донишҷӯён маълумот оид ба хусусиятҳои патологияи бофтаҳоро гирифтанд.

Дар раванди экскурсия, донишҷӯён дониши амалӣ оид ба таҳқиқоти макроскопии бофтаҳои пешниҳодшударо такмил дода, бо техникаи кор бо асбобҳои муосир шинос гардиданд ва малакаҳои амалӣ дар соҳаи морфология ва патологияро аз бар карданд.

 

ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


05.05.2025 23

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php