МАГИСТРАНТИ ДОНИШГОҲ САЗОВОРИ “ҶОИЗАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” ГАРДИД
25-уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби назди Сарраёсати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” маросими ҷоизасупорӣ барои дарёфти “Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе” миёни муҳаққиқони ҷавон баргузор гардид. Дар маросими мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунҳо, ҳайати ҳакамон, ғолибони даври шаҳрӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар самти илмҳои дақиқ магистранти соли якуми таҳсили кафедраи беҳдошти муҳити зист – Солеҳзода Шаҳзода Зафарҷон сазовори ҷоиза гардид. Кормандони шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмии Донишгоҳ олими ҷавону умедбахш Солеҳзода Шаҳзода Зафарҷонро бо ин дастовари назаррас самимона табрик намуда, барояш дар роҳи илм комёбиҳои навро орзу менамоянд!
03.05.2025
134