ҲАМОИШ БАХШИДА БА «ҲАФТАИ АВРУПОИИ ИММУНИЗАТСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28 апрел то 3 майи соли равон «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гаридид. Мавриди зикр аст, ки «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар соле таҳти шиорҳои махсус сурат мегирад, ки дар соли ҷорӣ ҷорабинӣ зери шиори «Инсоният қудрат дорад, ки иммунизатсияи ҳамагонӣ ба даст оварад!» амалӣ гардид. Дар доираи силсилачорабиниҳои «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар санаи 2-юми май дар толори Синои Пажуҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он сардори Намояндагии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Саидзода Ф.Б., роҳбари барномаи бахши тандурустии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Дениз Молика, мутахассиси Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Сайдалӣ Қодиров, муовини ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” оид ба корҳои муолиҷавӣ д.и.т., профессор Ҳусейнзода З.Ҳ., кормандони Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ ва 480 нафар ординаторони клиникӣ ва табиб-интернаҳо иштирок намуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳадафи ин ҳамоиш баланд дар бардоштани маълумотнокии муҳассилин оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иштироки бевоситаи онҳо дар тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ иборат буд.
Ҳамоишро муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои муолиҷавӣ д.и.т., профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро аз номи ректор, раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ хайра мақдам намуд. Баъдан директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Саидзода Ф.Б., сардори Намояндагии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, роҳбари барномаи бахши тандурустии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Дениз Молика, мутахассиси Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Қодиров С., мутахассисони Намояндагии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Назурдинов ва Фируза Шарипова, муовини директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Маҳтоб Бобохонова оид ба аҳамияти иммунизатсия, тарзи тайёр ва истифодаи ваксинаҳо, нақши кормандони тиб дар тарғибу ташвиқи иммунизатсия, ваксинаи зидди вируси папилломаи одам маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар охири ҳамоиш саволу ҷавоб дар мавзӯъҳои дар боло зикршуда бо муҳассилин баргузор гардид ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар хотима муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои муолиҷавӣ д.и.т., профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. ба меҳмонони олиқадр барои ташриф ва пешниҳод маърӯзаҳо аз номи раёсати Донишгоҳ сипросу миннатдорӣ намуд. Дар навбати худ, аз ҷониби Намояндагии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский ва директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Саидзода Ф.Б. ба роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва ба муҳассилин ҷиҳати иштироки фаъолона арзи сипос намуданд.
Муовинати корҳои муолиҷавӣ