МАРКАЗИ ИЛМ ВА АМАЛИЯ: ФАКУЛТЕТИ ФАРМАТСЕВТӢ ДАР МАРҲИЛАИ РУШДИ УСТУВОР
Санаи 01.05.2025 ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалї ибни Сино», доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Н.Д. аз бинои таълимии «Маркази фарматсевтї», ки дар он Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ва се кафедраи тахассусї: технологияи фарматсевтї ба номи профессор Халифаев Д.Р., кимиёи фарматсевтї ва зањршиносї, фармакогнозия ва ТИФ љойгир аст, дидан намуданд. Зимни шиносої бо инфрасохтори марказ ва бинои таълимии факултети фарматсевтї шинос шуданд.
Факултети фарматсевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маркази пешбари таълим ва тадқиқоти илмии соҳаи илмҳои фарматсевтӣ ба њисоб меравад. Стратегияи асосии рушди факултети фарматсевтӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос, салоҳиятдор ва рақобатпазир дар бозорҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Факултети фарматсевтӣ дорои се кафедраи тахассусї мебошад, ки дар онҳо дарсҳо дар сатҳи баланди методӣ бо истифода аз усулҳои интерактивии таълим гузаронида мешаванд. Барномаи таълимии «Фарматсия» ба стандартҳои байналмилалии сифат мувофиқат мекунад (Протоколи шурои аккредитатсионии NAAR №67 аз 22 апрели соли 2022).
Нишондиҳандаи муҳимми татбиқи стратегия ин рушди инфрасохтор ва заминаи моддию техникии факултет мебошад. Донишгоҳ Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-ро таъсис додааст, ки бо таҷҳизоти замонавӣ, асбобҳои лабораторӣ муҷаҳҳаз буда, на танҳо барои истеҳсоли баъзе шаклҳои доруворӣ, балки барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, такмили ихтисос ва таљрибаомўзии истењсолии донишљўён ва мутахассисони љавон шароит фароҳам меорад.
Самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии кафедраҳои тахассусии факултет - омӯзиш ва коркарди доруҳо аз маводи растанигии Тоҷикистон; синтез ва омўхтани пайвастагињои мураккаб ва дар тибби амалї љорї намудани онњо мебошад. Дар њар як кафедра љамъияти илмии донишљўён (ЉИД) амал мекунад.
Дар факултет мактаби байналмилалии тобистонаи «Фарматсия» таъсис дода шудааст, ки дар он ҳамасола на танҳо донишҷӯёни донишгоҳи мо, балки донишҷӯёни факултетҳои фарматсевтии донишгоҳҳои шарик низ иштирок мекунанд. Дар доираи мактаби тобистона дар мавзӯи: «Хусусиятҳои ботаникӣ ва фармакогностикии растаниҳои шифобахши худрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи онҳо дар тибби анъанавӣ» конференсияҳо ва семинарҳо гузаронида мешаванд. Факултет ҳамкориҳои байналмилалиро бо шарикони донишгоҳҳо рушд ва таҳким мебахшад.