ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ДОНИШГОҲ ВУСЪАТИ ТОЗА КАСБ НАМУДАНД


ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ДОНИШГОҲ ВУСЪАТИ ТОЗА КАСБ НАМУДАНД

Санаи 29.04.2025 директори Маркази тадқиқоти технологии ҳуҷайраҳои бӯнёдӣ, Роҳбари Маркази тибби экперементалӣ ва муқоисавии Донишгоҳи улумпизишкии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, узви Академияи илмҳои тибби Эрон, д.и.т., профессор Нодир Танидеҳ ба МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо сафари корӣ ташриф оварданд.

Меҳмони мазкурро директори МТИИ «Фарматсия» номзади илмҳои фарматсевтӣ, дотсент Сафарзода Р.Ш. пешвоз гирифтанд. Нахуст номбурда меҳмонро ба МТИИ «Фарматсия» оварда, бо шароити кории Марказ шинос намуданд. Зимни сӯҳбат бо меҳмони олиқадр масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи шартномаи имзошуда миёни МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ ва муҳокима карда шуд. Тарафҳо ташкил ва ба роҳ мондани мубодилаи академӣ байни устодон ва донишҷӯён, инчунин таҳияи намудани лоиҳаҳои илмию тадқиқотии якҷояро яке аз роҳҳои муассири ин ҳамкориҳо унвон карданд.

Сипас, меҳмони олимақомро бо роҳнамоии дотсент Сафарзода Р.Ш., ва и.в. директори МТИИ «Фарматсия» н.и.б., дотсент Раҷабов Г.О., мудири кафедраи технологияи фарматсевтӣ ба номи профессор Халифаев Д.Р. н.и.фарм. Шарифзода Ш.Б. ба Пажуҳишгоҳи тибби бӯнёдии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳои Пажӯҳишгоҳи мазкур дидан намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.

МТИИ «Фарматсия»


03.05.2025 66

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php