САРФАРОЗГАРДОНӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО БАРОИ САҲМИ АРЗАНДА ДАР ИХТИРОЪКОРӢ
Ходими илмии Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии МД “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино — Холиқзода О.У., барои ихтирои маводи нав бо номи “Тагетол” ва иштироки фаъолонааш дар 15-умин Форуми байналмилалии ихтироъкорон, ки бо иштироки намояндагони 66 кишвари дунё дар шаҳри Заҳраи Ҷумҳурии Кувейт баргузор гардид, сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардид.
Ба ифтихори ин дастовард ва бахшида ба “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” (26 апрел), Муассисаи давлатии “Маркази Миллии Патент ва Иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Холиқзода О.У.-ро бо шаҳодатнома ва медали сари синагии нишонии МД ММПИ сарфароз гардонид, ки ин иқдом ҳамчун эътирофи саҳми арзандааш дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ ва баланд бардоштани нуфузи илмии кишвар арзёбӣ мегардад.
Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандон Холиқзода О. У-ро ба ин дастоварди калон табрику муборакбод намуда, дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илм барояшон бурдбориҳо орзу менамоянд.
ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ