ОСОРХОНА - ОИНАИ ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲ


ОСОРХОНА - ОИНАИ ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲ

Осорхона яке аз сохторҳои муҳимми Донишгоҳ ба шумор меравад, ки ба ҳифз, омӯзиш ва муаррифии таъриху дастовардҳои илмию фарҳангии донишгоҳ равона шудааст. Осорхонаи замонавии Донишгоҳ натанҳо захираи таърихӣ, балки як маркази омӯзишию тарбиявӣ барои донишҷӯён ва меҳмонон мебошад.

Мақсади асосии таъсиси осорхона дар Донишгоҳ иборат аз ҳифзи мероси таърихӣ ва шинос намудани насли ҷавон бо таърихи Донишгоҳ ва дигар дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Боздиди ҳамарӯза аз осорхонаи Донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, ҳар ҳафта омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон онро тамошо менамоянд. Ҳафтаи равон ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни кафедраи забонӣ лотинӣ аз ин макони таърихию фарҳангӣ дидан намуда бо таърихи 85-солаи Донишгоҳ шинос гардиданд. Сармутахассиси осорхона, доктори илмҳои тиб Усмонӣ Г. М., ки дар ободу зебоо намудани Осорхона саҳм дорад бо муҳаббати зиёд донишҷӯёнро пешвоз мегиранд ва бо самимият онҳоро бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шинос менамоянд.


 

Кафедраи забони лотинӣ

 

 


03.05.2025 66

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php