КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (СОЛҲОИ 1941-1945)


КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (СОЛҲОИ 1941-1945)

Санаи 2-майи соли равон дар Донишгоҳ бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳм ва корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тарбияи ҷавонони муосир” баргузор карда шуд.

Дар конференсия роҳбарият, ҳайати устодони кафедраҳои фанҳои ҷомеашиносӣ, тибби ҳарбӣ, донишҷӯён ва собиқадори меҳнат, ҳамсар ва фарзанди қаҳрамонони роҳи Ватан-иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Мухторова Гавҳар Аброровна иштирок намуданд.

Кори конференсия бо лаҳзаи поси хотир (дақиқаи хомӯшӣ) ва сипас садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори хеш оғоз намуд.

Икромӣ Т. Ш. –муовини ректор оид ба илм ва инноватсия зимни суханронии хеш изҳор доштанд, ки  80-сол муқаддам падарону бобоёни мову шумо  на танҳо сарнавишти як халқ, балки тақдири тамоми башариятро муайян намуда, имконияти зиндагии шоистаи имрӯзаи моро муайян намуданд.  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 натанҳо як задухурди низомӣ, балки санҷиши сахттарини ирода, матонат ва ваҳдати халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар байнашон зиёда аз 300 ҳазор нафаар фиристодагони Тоҷикистони мо низ буданд. Онҳо ҷони ҷавони хешро дар хатар гузошта, Ватан, модар, фарзанди хешро аз нобудшавӣ наҷот бахшиданд. Ҳазорон нафар қурбон, ҳазорони дигар бе ному нишон ва ҳазорони дигар бо сари баланд ба Ватан баргашта то дами охирин нафас барои рушди кишвари маҳбубамон хизмати босазо намуда буданд. Ғалабаи бузурги соли 1945  пеш аз ҳама натиҷаи ваҳдату ягонагӣ, садоқат ба Ватан ва меҳнату фидокориҳои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд.  Мо ифтихор дорем, ки халқи тоҷик ва фарзандони фарзонаи он низ дар сафи пеши мубориза буданд. Имрӯз мо ворисони он насли ҷонфидо ҳастем, масъулияти бузургеро бар дӯш дорем, ки ин ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини рушду пешрафти Ватан аст. Фаромӯш набояд кард, ки ҳар як қатраи хуни ҷонбохтагон моро водор мекунад, ки  бештар заҳмат кашем, бештар омӯзем ва арзишҳои сулҳу истиқлолро чун гавҳараки чашм пос дорем.

Мухторова Г. А. –собиқадори меҳнат аз он рӯзҳои мудҳиш ёдоварӣ намуда, қайд карданд, ки падарам Мухторов Аброр дар роҳи Ватан дар муҳорибаи Сталингарад ҷони ҷавони хешро қурбон намуда буданд. Ӯ аз корнамоиҳои ҳамсараш Нуриддинов Атовулло ва тағоҳояшон Раҳмонов Олимҷон ва Раҳмонов Ҳамид дар роҳи ҳифзи Ватан ҳикоят карда,  насли ҷавонро ба шукригузорӣ аз фазои орому осудаи Тоҷикистони маҳбуб ва ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати комили миллӣ ҳидоят намуданд.

         Дар идомаи кори конференсия омӯзгорон, номзади илмҳои таърих Амроев У. М., номзади илмҳои таърих Мамадносирова Ш. Қ. ва номзади илмҳои сиёсӣ Амонзода С. Б. бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Кори конференсия санаи 3-юми май дар бахшҳои “Фалсафа ва сиёсатшиносӣ” ва “Таъриху ҳуқуқ” давом меёбад.

ШУЪББАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


6
5
4
3
2
1
03.05.2025 85

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php