ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ МУОСИРИ ОФТАЛМОЛОГӢ БА ДОНИШГОҲ


ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ МУОСИРИ ОФТАЛМОЛОГӢ БА ДОНИШГОҲ

Рӯзи 2 майи соли 2025 дар доираи созишномаи ҳамкории дуҷониба миёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва Маркази бемориҳои чашми шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Федеративии Олмон, маросими расмии тақдими таҷҳизоти муосири тиббии офталмологӣ ба кафедраи офталмологияи донишгоҳ баргузор гардид.

         Чорабинӣ бо ташаббуси кафедраи офталмология ва дар ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалӣ, бахусус Маркази бемориҳои чашми шаҳри Мюнхен, дар заминаи рушди ҳамкориҳои илмӣ ва амалӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон роҳандозӣ гардид.

         Ҳайати меҳмононро дар ин чорабинӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграф роҳбарӣ менамуд. Дар ҷараёни маросим, ҳайати меҳмонон бо фаъолияти кафедраи офталмология шинос гарида, таҷҳизоти замонавии тиббиро ба таври расмӣ ба донишгоҳ супориданд.

         Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло оғоз намуда, оид ба аҳаммият ва самарабахшии ҳамкориҳои судманд бо давлати дӯст - Ҷумҳурии Федеративии Олмон изҳори назар намуд.

         Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграф низ ҷиҳати давом додани ҳамкориҳои судманди ду кишвар арзи сухан намуд.

         Дар идомаи чорабинӣ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ва намояндаи Маркази бемориҳои чашми Олмон доктор Амир Мубориз Параста суханронӣ карда, аҳаммияти ин иқдоми муштаракро дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос таъкид намуданд.

         Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур барои густариши ҳамкориҳо, ҷорӣ намудани таҷҳизоти пешрафта ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳиму муассир хоҳад гузошт.


8
7
6
5
4
3
2
1
03.05.2025 72

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php