ЗАХИРАҲОИ ОБҲОИ МАЪДАНӢ ВА АҲАМИЯТИ ТИББИЮ РАКРАТСИОНИИ ОНҲО


ЗАХИРАҲОИ ОБҲОИ МАЪДАНӢ ВА АҲАМИЯТИ ТИББИЮ РАКРАТСИОНИИ ОНҲО

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 мизи мудаввар дар мавзӯи “Захираҳои обҳои маъданӣ ва аҳамияти тиббию рекратсионии онҳо” гузаронида шуд. Донишҷӯён зикр доштанд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон натанҳо бо иқлими гулпӯш, балки бо захираҳои обҳои шифобахш низ дар ҷаҳон шӯҳрати нотакрор дорад. Ҳамзамон, дар рафти мизи мудаввар аз хосиятҳои шифобахшии обҳои маъдании Тоҷикистон, аз ҷумла “Обигарм”, “Хоҷа-Обигарм”, “Шоҳамбарӣ”, “Гармчашма”, “Авҷ” ва дигарон ёдоварӣ шуда, хусусиятҳои тиббию рекратсионии онҳо шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дар идома бахши саволу ҷавоб ба миён омада, донишҷӯён фикру ақидаҳои худро дар доираи дониши андӯхтаашон баён намуданд.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1


19.04.2025 20

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php