МУБОДИЛАИ АКАДЕМӢ РИВОҶ МЕЁБАД


МУБОДИЛАИ  АКАДЕМӢ РИВОҶ МЕЁБАД

   Давоми ҳафта дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ ҷиҳати мубодилаи академӣ номзади илмҳои биологӣ, дотсент, мудири кафедраи химияи тиббӣ ва биологӣ Жаннат Жанбулаевна Гумарова аз Донишгоҳи тиббии Қазоқистон ба номи Марат Оспанов қарор доштанд. Дар баробари муҳокимаи барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои дарсӣ дар курсҳои якуми   факултетҳои стоматологӣ, педиатрӣ ва тиббӣ-профилактикӣ лексияҳои судманд ташкилу баргузор карда шуданд. Номбурда дар машғулиятҳои амалӣ иштирок намуда бо донишҷуён саволу ҷавоб ва маҳфили илмӣ ташкил карданд. Инчунин, меҳмони олиқадр бо дастовардҳои кафедра шинос гардида, бобати дар оянда ривоҷ додани мубодидаи академӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ, чоп кардани мақолаю тезисҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Қазоқистон низ табодули назар карда шуд. Гумарова Ж. Ж. аз осорхонаи Донишгоҳ дидан намуда, ба шароити муосири таълимӣ дар Донишгоҳ баҳои баланд доданд.               

 

                                            Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ


19.04.2025 21

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php