ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: ИҚТИСОДИ САБЗ-САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ ВА ЭКОЛОГИЯ


ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: ИҚТИСОДИ САБЗ-САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ ВА ЭКОЛОГИЯ

Ҳамасола моҳи апрел дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б. чорабинии илмӣ-назариявӣ перомуни мушкилоти экологӣ баргузор мегардад. Имсол низ санаи 17.04.2024 дар кафедра ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Иқтисоди сабз-самаранокии энергия ва экология” баргузор карда шуд. Ҳадафи ташкил намудани чорабинӣ баланд бардоштани маърифти экологии насли ҷавон мебошад, ки дар шароити тағйирёбии иқлим амру зарур аст. “Иқтисоди сабз” яке аз самтҳои муосири илми иқтисод мебошад, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба он беш аз пеш меафзояд. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикисто низ барои рушди иқтисоди сабз фаъолона кор бурда, ба соҳоти энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳии экологӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир месозад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқта чунин зикр гардида буд: “Ташаккули “иқтисоди сабз” суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалнок эълон намуд”. Яъне, саъю кушиши асосӣ ба баланд бардоштани дараҷаи зинагонии аҳолӣ, муҳофизати сарватҳои табиӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт нигаронида шудааст. Дастгирии ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва иштироки фаъолона дар ташабусҳои глобалии экологӣ ба Тоҷикистон дар татбиқи стратегияҳои рушди устувор ва ташаккули иқтисоди сабз мусоидат хоҳад кард. Бояд қайд қард, ки чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуда, ҳозирин аз чорабинии мазкур ғизои маънавӣ гирифтанд.

Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б.


19.04.2025 20

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php